Гирдиҳамоии ғайриқонунӣ дар Хоруғ

Душанбе. 15-уми июн. «Ази-Плюс» — | Субҳи имрӯз дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – шаҳри Хоруғ гирдиҳамойии ғайриқонунӣ оғоз гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» шоҳидон хабар доданд, дар назди бинои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ зиёда аз 500 нафар ҷамъ омадаанд, ки аслан ҷавонон мебошанд. Айни замон бо ҷамъомадагон раиси вилоят Қодири Қосим сӯҳбат […]

Азия-Плюс

Душанбе. 15-уми июн. «Ази-Плюс» — | Субҳи имрӯз дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – шаҳри Хоруғ гирдиҳамойии ғайриқонунӣ оғоз гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» шоҳидон хабар доданд, дар назди бинои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ зиёда аз 500 нафар ҷамъ омадаанд, ки аслан ҷавонон мебошанд.

Айни замон бо ҷамъомадагон раиси вилоят Қодири Қосим сӯҳбат мекунад. Қаблан ба ӯ рӯйхати талабҳои гирдиҳамомадагонро супрдаанд, вале аз мазмуну мундариҷаи талабҳо то ҳол ба ОИ «Азия-Плюс» чизе маълум нест. «Гирдиҳамомадагон талаб доранд, ки мақомоти суду прокуратура ба поймол кардани ҳуқукҳои онҳо даст назанд», – мегӯяд яке аз шоҳидон.

Аз Раёсати корҳои дохилии вилоят баргузории гирдиҳамоиро ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» тасдиқ карданд ва изҳор доштанд, ки дар он на бештар аз 250 нафар иштирок доранд. «Гирдиҳамоиро метавон ғайриқонунӣ номид, вале ҷамъомадагон оромона рафтор доранд», – гуфтанд дар раёсат.

Аз раёсат ҳамчунин гуфтанд, ки назди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифаи таъмини тартиботи ҷамъиятӣ гузошта шуда, ҳарчанд аксари ҳайати шахсии раёсат дар майдон бошанд ҳам, истифодаи воситахои махсус барои пароканда кардани гирдиҳамойӣ ба нақша гирифта нашудааст.

Ҳамчунин зикр гардид, ки гирдиҳамоии мазкур дар робита ба рӯйдодҳои ахир дар шаҳри Хоруғ ба вуқӯъ пайвастааст. Рӯзи ҷумъа, 10-уми июн дар шаҳри Хоруғ шахсони номаълум муовини додраси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва додрасро латукӯб карда, ба бинои додгоҳи вилоят ва мақомоти додситонӣ хисороти назаррас ворид сохтанд. Ҳамин тариқ онҳо норизоии худро аз ҳукми додгоҳ нисбат ба Кайён Раҳимови 29-сола изҳор доштанд, ки ба куштор айбдор дониста шуда, ба мӯҳлати 9 сол равонаи зиндон карда шуд.

Ба қавли ӯ, сипас ин шахсон хисороти зиёд ба утоқҳои кории додрасҳо, асбобу анҷоми коргоҳ ва шишаи тирезаҳо ворид карданд, ки маблағи умумии он 20 ҳазор сомониро ташкил дод. Бо ин ҳам ором нашуда, гурӯҳи авбошон ба назди бинои додситонии шаҳри Хоруғ рафтанд ва тирезаҳои онро шикастанд, ки ҳаҷми зарар ба 3 ҳазор сомонӣ баробар аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз сари баррасии масъалаи таҳвили маҳсулоти нафту газ баргаштанд

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.