Ҳалокати як тоҷикистонӣ дар иншооти сохтмонии шаҳри Санкт-Петербург

Москва. 30-юми июн. «Азия-Плюс» — | Мақомоти тафтишотии шаҳри Санкт-Петербурги Русия роҷеъ ба далели марги як шаҳрванди Тоҷикистон санҷиш мегузаронанд. Бино ба маълумоти Сарраёсати тафтишотии Кумитаи тафтишоти ФР дар Санкт-Петербург, оид ба далели ба дармонгоҳи ҷарроҳии низомӣ-саҳроии ба номи Киров овардани шаҳрванди бекори Тоҷикистон бо ҷароҳатҳои зиёди ҷисмонӣ, ки бар асари он ӯ ҳамон рӯз […]

Asia-Plus

Москва. 30-юми июн. «Азия-Плюс» — | Мақомоти тафтишотии шаҳри Санкт-Петербурги Русия роҷеъ ба далели марги як шаҳрванди Тоҷикистон санҷиш мегузаронанд.

Бино ба маълумоти Сарраёсати тафтишотии Кумитаи тафтишоти ФР дар Санкт-Петербург, оид ба далели ба дармонгоҳи ҷарроҳии низомӣ-саҳроии ба номи Киров овардани шаҳрванди бекори Тоҷикистон бо ҷароҳатҳои зиёди ҷисмонӣ, ки бар асари он ӯ ҳамон рӯз ба ҳалокат расидааст, санҷиши қабл аз тафтишотӣ доир мегардад.

Тибқи маълумоти пешакӣ, рӯзи 29-уми июн ҷабрдида аз ошёнаи сеюми як иншооти сохтмонӣ афтодааст. Ӯ ба он ҷо барои ҳалли масъалаи дарёёфти ҷойи корӣ омада будааст.

Гуфта мешавад, аз рӯйи натиҷаҳои санҷиш қарори мурофиавӣ қабул карда хоҳад шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.