Дар Маскав Стратегияи рушди иқтисодии ИДМ дар давраи то соли 2020 маъқул шуморида шуд

Душанбе. 30-юми июн. «Азия-Плюс» — | Дар ҷаласаи 50-уми Шӯрои иқтисодии ИДМ, ки таҳти раёсати вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Фаррух Ҳамралиев дар шаҳри Маскав доир гардид, Стратегияи рушди иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар давраи то соли 2020 маъқул шуморида шуд. Бино ба иттилои сафорати Тоҷикистон дар Русия,  дар ҷаласаи мазкур ҳамчунин лоиҳаи Нақшаи […]

Пайрав Чоршанбиев

Душанбе. 30-юми июн. «Азия-Плюс» — | Дар ҷаласаи 50-уми Шӯрои иқтисодии ИДМ, ки таҳти раёсати вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Фаррух Ҳамралиев дар шаҳри Маскав доир гардид, Стратегияи рушди иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар давраи то соли 2020 маъқул шуморида шуд.

Бино ба иттилои сафорати Тоҷикистон дар Русия,  дар ҷаласаи мазкур ҳамчунин лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии марҳилаи дуюм (солҳои 2012-2015), лоиҳаи Консепсияи рушди стратегии нақлиёти роҳи оҳани кишварҳои узви ИДМ то соли 2020 ва лоиҳаи Созишнома дар бораи регламентҳои техникии кишварҳои узв низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ба иттилои манбаъ, иштирокчиёни ҷаласа инчунин атрофи масоили марбут ба фаъолияти молиявии созмон, пешниҳоди имтиёзот ба сармоягузорон, таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва интиқоли маблағи аъзохаққии ҳиссавии кишварҳо ба бюҷети ягонаи ИДМ дар соли 2011 табодули афкор намуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.