Раиси Додгоҳи Олӣ: Агар писари ман ҷиноят содир карда бошад, назди қонун ҷавоб хоҳад гуфт

Date:

Душанбе. 15-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар бораи ҷараёни тафтишоти парвандаи ҷиноӣ нисбати писари ман рӯзноманигорон метавонанд ба намояндагони мақомоти машғул ба ин кор муроҷиат намоянд, – гуфт зимни нишасти хабарӣ раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон Нусратулло Абдуллоев. Дар идома ӯ гуфт, «агар писари ман ҷиноят содир карда бошад, назди қонун ҷавоб хоҳад гуфт».

«Ман муддати 34 сол аст, ки дар соҳаи ҳуқуқшиносӣ фаъолият дорам ва метавонам бигӯям, ки аз содир намудани ҷиноят бинобар беэҳтиётӣ касе эмин нест. Ҳангоми рух додани садамаи нақлиёт писари ман дар ҳолати мастӣ аз машрубот қарор надошт, вале ман бо тамоми масъулият изҳор мекунам, ки перомуни ин ҳодиса ба касе муроҷиат накардаам ва минбаъд низ ба ин кор ният надорам», – иброз дошт раиси Додгоҳи Олӣ.

Нусратулло Абдуллоев ҳамчунин гуфт, писараш 24-сола буда, дорои маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ ва оиладору соҳиби фарзандон аст.

Ёдрас мекунем, ки писари раиси Додгоҳи Олии ҷумҳурӣ Фарҳод Абдуллоев ба даст доштан дар ҳодисаи садамаи нақдлиёт, ки боиси марг як нафар шуд, гумонбар дониста мешавад. Дар таърихи 12-уми апрели соли ҷорӣ дар канори шаҳри Душанбе як шаҳрванди Чин зери автомобили тамғаи BMW монда, ба ҳалокат расид. Ин автомашина он замон таҳти идораи Ф.Абдуллоев қарор дошт. Нисбат ба ин амали Ф.Абдуллоев мутобиқи моддаи 212-и КҶ ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт) парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида буд.

МЕДИА (Youtube Embed)

1 КОММЕНТАРИЙ

  1. dar borai hamin mavzu yagon informatsiya dihed

    iltimos dar in bora yagon malumot hastmi, yoki delaro mahkam kardan raftanmi. nisarash ozod shud mi. aybdor zani hotoyi shud mi. pisari rais chihel hob mekarda boshad. ….

Leave a Reply to zack Отменить ответ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...