Ф. Саидов: Парванда оид ба куштори корманди БДА бознигарӣ мешавад

Душанбе. 26-уми июл. «Азия-Плюс» — | Зимни нишасти хабарӣ директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ Фаттоҳ Саидов изҳор кард, ки кормандони агентӣ дар парвандаи бозшуда аз ҷониби мақомоти додситонии ноҳияи Фирдавсии пойтахт нисбат ба амали ду нафар ҷавонон бобати то ба қатл расидан латкӯб кардани корманди БДА Равшан Шарифов як қатор […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 26-уми июл. «Азия-Плюс» — | Зимни нишасти хабарӣ директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ Фаттоҳ Саидов изҳор кард, ки кормандони агентӣ дар парвандаи бозшуда аз ҷониби мақомоти додситонии ноҳияи Фирдавсии пойтахт нисбат ба амали ду нафар ҷавонон бобати то ба қатл расидан латкӯб кардани корманди БДА Равшан Шарифов як қатор тақаллубкориҳоро ошкор сохтаанд.

Ёдрас мекунем, ки ин ҳодисаи фоҷеабор моҳи апрели соли равон рух дод. Нозири БДА аз ҷониби ду тан аз сокинони шаҳри Душанбе бераҳмона латукӯб гардида буд. Ӯ дар роҳи кӯчаи Н. Қарабоев автомашинаи тамғаи «Мерседес»-и мутаалиқ ба Саидмухтор Мирҷонови 30-соларо барои риоя накардани қоидаҳои ҳаракати роҳ бозмедорад. Дар дохили автомашина Озод Одинаеви 26-сола низ ҳузур доштааст. Ҳангоми омодасозии санад дар бораи қонуншикании маъмурӣ, ронанда ва мусофири автомашина пиёда шуда, ба латукӯби нозири БДА оғоз мекунанд. Дар натиҷа Равшан Шарифов ба беморхона мунтақил гардида, пас аз чанд рӯз ба ҳалокат расид.

«Баъди ба ҳузурам пазируфтани падари нозири марҳум, ман бо дархости ӯ бо ҳолатҳои парванда шинос шудам, ки дар он аз ҷониби кормандони мақомоти додситонии ноҳияи Фирдавсӣ ба яқ қатор тақаллубкориҳо роҳ дода шудааст. Онҳо парвандаро мутобиқи моддаи 108-и КҶ ҶТ (Аз беэҳтиётӣ ба марг расонидан) тафтиш кардаанд. Ман дар ин бора ба сарвари давлат хабар додам ва бо супориши ӯ, ин парванда барои бознигарӣ ба Додситонии кулл фиристода шуда, моддаи он ба моддаи 104-и КҶ ҶТ (Одамкушӣ) тағйир дода шуд», – гуфт Ф. Саидов.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Таъсири низоъ дар Ховари Миёна ба иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ. Пешгӯии Бонки ҷаҳонӣ

Коршиносон бар ин назаранд, ки рушди иқтисодӣ дар минтақа то 4,9% поин меравад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Ғуломризо Баҳор то даргузашти Бобо Ҳоҷӣ ва Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.