Дар Суғд аз ҳама бештар сохторҳои бонкӣ фасодзадаанд

Хуҷанд. 27-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар вилояти Суғд кормандони сохтори бонкӣ аз ҳамеша бештар ҷиноёти коррупсионӣ содир кардаанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Суғд Ҳусейн Оқилов хабар дод, кормандони сохторҳои бонкии вилоят асосан ба содир намудани ҷиноятҳое аз қабили дуздии воситаҳои ба сифати қарз […]

Мавлуда Рафиева

Хуҷанд. 27-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар вилояти Суғд кормандони сохтори бонкӣ аз ҳамеша бештар ҷиноёти коррупсионӣ содир кардаанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Суғд Ҳусейн Оқилов хабар дод, кормандони сохторҳои бонкии вилоят асосан ба содир намудани ҷиноятҳое аз қабили дуздии воситаҳои ба сифати қарз пешниҳодгардида, азхудкунӣ ё камомад, қабул ё пешниҳоди ғайриқонунии қарз ва ғайра даст задаанд. «Дар зарфи 6 моҳи соли равон аз ҷониби кормандони сохторҳои бонкии вилоят 35 ҷинояти коррупсионӣ содир гардид», – гуфт ӯ.

Ба қавли вай, мақоми дуввумро дар «пешсафӣ»-и содир намудани ҷиноёти коррупсионӣ кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ишғол менамоянд, ки шумори ҷиноятҳои содиркардаи онҳо ба 13 адад баробар аст. «Дар бахши маориф 13 ва кумитаҳои замини вилоят 9 далели содир гардидани ҷиноёти коррупсионӣ ба қайд гирифта шуданд», – афзуд номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.

Қариб 50 млн евро қарзу грант барои коҳиши талафоти барқ дар Суғду Хатлон. Шарту шароити қарз чӣ гуна аст?

Ҳадафи лоиҳа коҳиши талафоти барқ ва ҷорӣ кардани низоми муосири ҳисоббаробаркунӣ гуфта мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 67

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

CММ: Бар асари низоъ дар Ховари Миёна то 32 млн нафар метавонанд дар хати фақр қарор гиранд

Хавфи ба ин ҳолат дучор шудани кишварҳои Халиҷи Форс, Осиё, Африқо ва ҷазираҳои хурд бештар аст.