Ифтитоҳи Маркази хизматгузорӣ дар ширкати «Тоҷик Эйр»

Душанбе. 15-уми август. «Азия-Плюс» — | Дар ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» Маркази нави хизматгузорӣ (Сall center) боз шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати мазкур иттилоъ доданд, ҳадаф аз ифтитоҳи маркази мазкур беҳбуд бахшидан ба сатҳу сифати хизматгузорӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ҳайати шахсӣ аст. «Акнун ҳар як хоҳишманд тариқи занги телефонӣ ба оператори […]

Заррина Эргашева

Душанбе. 15-уми август. «Азия-Плюс» — | Дар ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» Маркази нави хизматгузорӣ (Сall center) боз шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати мазкур иттилоъ доданд, ҳадаф аз ифтитоҳи маркази мазкур беҳбуд бахшидан ба сатҳу сифати хизматгузорӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ҳайати шахсӣ аст.

«Акнун ҳар як хоҳишманд тариқи занги телефонӣ ба оператори ширкат дар бораи ҷадвали хатсайрҳо, арзиши чипта, эҳтимоли мавқуф гузоштани парвозҳо ва ғайра маълумот дастрас карда метавонад. Рақами телефони оператор – 905-100-200 аст», – гуфтанд дар хадамоти матбуоти ширкат.

ЧСК «Тоҷик Эйр» ба интиқоли мусофирон, бағоҷ ва бор, инчунин хизматрасонии техникӣ ва таъмири техникаи ҳавопаймоӣ равона гардидааст.

Васеъшавии ҷуғрофияи парвозҳо ва таъмини бехатарӣ, боэътимодӣ ва бароҳатӣ вазифаҳои асосии ҶСК «Тоҷик Эйр» ба ҳисоб мераванд, ки стратегияи рушди онро муайян месозанд.

Дар ширкати ҳавопаймоии «Таджик Эйр» ҳавопаймоҳои – Ту-154М, Як-40, Ан-24, Ан-26, Ан-28, «BOEING -757-200», «BOEING -737-500», инчунин чархболҳои МИ-8 МТВ ва МИ-172, МИ-8Т мавриди истифода қарор гирифтаанд.

Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» мунтазам парвози ҳавопаймоҳо ба шаҳрҳои Русия – Маскав, Санк-Петербург, Екатеринбург, Сочи, Сургут, Самара, Новосибирск, Иркутск ва ҳамчунин шаҳрҳои Бишкек, Алмаато, Теҳрон ва Шарҷаро ба анҷом мерасонад. Дар хатсайрҳои дохилӣ парвозҳо ба шаҳрҳои Хуҷанд ва Хоруғ ба иҷро расонида мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.