Корманди УБОП ҷавоб хоҳад гуфт

Рӯзи 17-уми августи соли равон намояндаи сардори Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ Анвар Тағоймуродов дар мурофиаи додгоҳӣ нисбат ба ҳафтавори «Азия-Плюс» А. Муллоев ба адвокатҳои рӯзнома таҳдиди ҷазои ҷисмонӣ карда буд. Дар таърихи 18-уми август намояндагони газета Шӯҳрат Қудратов ва Абдураҳмон Шарифов аризаи худро ба Додситонии кулли ҷумҳурӣ пешниҳод карданд. Дар […]

Олга Тутубалина

Рӯзи 17-уми августи соли равон намояндаи сардори Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ Анвар Тағоймуродов дар мурофиаи додгоҳӣ нисбат ба ҳафтавори «Азия-Плюс» А. Муллоев ба адвокатҳои рӯзнома таҳдиди ҷазои ҷисмонӣ карда буд.

Дар таърихи 18-уми август намояндагони газета Шӯҳрат Қудратов ва Абдураҳмон Шарифов аризаи худро ба Додситонии кулли ҷумҳурӣ пешниҳод карданд. Дар ариза аз Додситонии кулл дархост карда шуд, ки далели таҳдиди ҷазои ҷисмонӣ додан ба адвокатҳо аз ҷониби А. Муллоев воқеъӣ эътироф карда шавад, зеро бо тақозои вазифа ӯ ба аслиҳа дастрасӣ дорад. Ҳамчунин дархост гардид, ки нисбат ба ин амали ӯ чораҳои дахлдор андешида шавад.

Дар робита ба ин масъала сардори ситоди Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ Тоҳир Норматов изҳор кард, ки мақомоти раҳбарии вазорат бобати санҷиши ин ҳодиса супориш дода, тафтиши қазияи мазкур ба дӯши нозироти раёсати кадрҳои вазорат вогузор шудааст. «Ҳамаи шоҳидони ҳодиса пурсида шуда, барои ин панҷ рӯз мӯҳлат зарур аст», – гуфт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 17-уми август ҳангоме ки намояндагони газета Шӯҳрат Қудратов ва Абдураҳмон Шарифов дар маҷлисгоҳи додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ оғози мурофиа оид ба даъвои сардори Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккил Анвар Тағоймуродов нисбат ба ҳафтавори «Азия-Плюс»-ро интизорӣ доштанд, намояндаи Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ А. Муллоев ба онҳо таҳдид кард.

«Алихон Муллоев яке аз намояндагони А.Тағоймуродов дар мурофиаи додгоҳӣ аст. Имрӯз вақте мо ба мурофиаи додгоҳӣ ҳозир шудем ва додрасро дар толор интизорӣ доштем, ӯ ба мо чунин гуфт: «шумо душманони мақомоти милиса ва ман шахсан шуморо аз пешониатон мепарронидам» ва «ман шуморо бо истифода аз тамоми роҳу воситаҳо нобуд месозам», ин суханонро ӯ чандин маротиба такроран гуфт, – гуфта буданд адвокатҳои ҳафтавор. – Ин суханон дар ҳузури шоҳидон гуфта шуданд. Дар толор намояндагони матбуот ва созмонҳои гуногуни байнулмилалии ҳуқуқӣ, ки қазияи мазкурро пайгирӣ мекунанд, ҳузур доштанд».

Полковник Валихон Муллоев ба ҳайси сардори шӯъбаи мубориза бо хариду фурӯши одамони Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили ВКД ифои вазифа мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.