Дар Данғара садама ҷони 7 нафарро рабуд

Шаби гузашта бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи мошингарди Данғара-Кӯлоб 7 нафар ба ҳалокат расиданд. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, ронандаи автомашинаи тамғаи «ДЭУ» Ҳотам Бузмакови 31-сола аз ӯҳдаи идораи автомобил набаромада, ба самти муқобили ҳаракат баромадааст. Дар натиҷа автомобил чаппа шуда ба канал афтодааст. Ронанда ва мусофирони ӯ – Малика Шералиеваи 40-сола, […]

Аваз Юлдошев


Шаби гузашта бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи мошингарди Данғара-Кӯлоб 7 нафар ба ҳалокат расиданд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, ронандаи автомашинаи тамғаи «ДЭУ» Ҳотам Бузмакови 31-сола аз ӯҳдаи идораи автомобил набаромада, ба самти муқобили ҳаракат баромадааст. Дар натиҷа автомобил чаппа шуда ба канал афтодааст. Ронанда ва мусофирони ӯ – Малика Шералиеваи 40-сола, Маҳбуба Шералиеваи 41-сола, Эҳсон Шералиеви 7-сола, Фасон Шералиеви 4-сола, Абдуҷаббор Холмуродови 2-сола ва Дилафрӯз Раҳматоваи 32-сола дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Мусофирони дигар – Баргӣ Исматоваи 37-сола, Умед Шералиеви 5-сола, Тоҷиддин Шералиеви 37-сола ва Баноз Шералиеваи 2-сола ҷароҳатҳои гуногун бардошта, ба бемористони Данғара мунтақил шудаанд.

Бар асоси маълумоти ВКД, шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 5 ҳодисаи садамаи нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 11 нафар ҳалок ва 9 тан ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.

Пайвандсозии узви инсон. Оё вақти иҷозаи истифода аз “донор”-и бегона фаро расидааст?

Имрӯз пайвандсозии узви инсон дар кишвар танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.