Масҷиди назди қароргоҳи марказии ҲНИТ дубора барқарор шуд

Бинои масҷиди назди қароргоҳи марказии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки ахири моҳи октябри соли гузашта бар асари сӯхтор осеби зиёд дида буд, дубора барқарор карда шуд. «Акнун дар ин масҷид дар баробари кормандони масъули қароргоҳи ҳизб меҳмонон ва ҳамаи хоҳишмандон, аз ҷумла занон низ метавонанд ибодати худро ба ҷо оранд», – изҳор кард ба ОИ […]

Аваз Юлдоше


Бинои масҷиди назди қароргоҳи марказии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки ахири моҳи октябри соли гузашта бар асари сӯхтор осеби зиёд дида буд, дубора барқарор карда шуд.

«Акнун дар ин масҷид дар баробари кормандони масъули қароргоҳи ҳизб меҳмонон ва ҳамаи хоҳишмандон, аз ҷумла занон низ метавонанд ибодати худро ба ҷо оранд», – изҳор кард ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ.

Муҳиддин Кабирӣ изҳори умедворӣ кард, ки ихтилофоти мавҷуда миёни ҲНИТ ва Кумита оид ба корҳои дини назди ҳукумати кишвар рӯзҳои наздик роҳи ҳалли худро пайдо хоҳанд кард.

Ёдрас мекунем, ки тайи чанд моҳ бобати фаъолияти ин масҷид миёни ҲНИТ ва Кумита оид ба корҳои дини назди ҳукумати кишвар баҳс меравад. Кумита чунин мешуморад, ки фаъолияти масҷид дар назди идораи ҳизб мухолифи муқаррароти қонунгузории ҷумҳурӣ аст. Мақомоти раҳбарии ҲНИТ ба ин розӣ набуда, тасдиқ мекунад, ки ҲНИТ ҳизби сиёсии хусусияти динидошта аст.

Моҳи ноябри соли 2010 Вазорати адлияи Тоҷикистон ба унвони ҲНИТ роҷеъ ба ғайриқонунӣ фаъолият доштани масҷиди назди идораи ҳизб расман огоҳинома фиристод. Дар он гуфта мешуд, ки ба фаъолияти ғайриқонунии масҷиди назди қароргоҳи ҳизб бояд дар муддати 10 рӯз хотима бахшида шавад.

Дар ҷаласаи фавқулоддаи Шӯрои сиёсии ҲНИТ рӯзи 26-уми ноябри соли гузашта тасмим гирифта шуд, ки ба муддати номуайян хонадани намоз дар масҷиди назди идораи ҳизб қатъ карда шавад. Он замон масҷид бар асари сӯхтор қисман хароб гардида, Вазорати корҳои дохилии кишвар сабаби сар задани сӯхтор дар масҷиди мазкурро расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқии бино унвон карда буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.