Мусодираи миқдори зиёди героини барои Қазоқистон таъиншуда дар Суғд

Кормандони мақомоти гумруки вилояти Суғд аз ҳодисаи интиқоли миқдори ниҳоят зиёди маводи мухаддир, ки дар вагони хушкмева пинҳон шуда буд, ҷилавгирӣ намуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ хабар доданд, дар гузаргоҳи назорати гумрукии ноҳияи Исафара ҳангоми санҷиши вагони дорои хушкмева 72 бастаи героини афғонӣ дарёфт ва мусодира карда шуд. Вазни умумии маводи […]

Аваз Юлдошев


Кормандони мақомоти гумруки вилояти Суғд аз ҳодисаи интиқоли миқдори ниҳоят зиёди маводи мухаддир, ки дар вагони хушкмева пинҳон шуда буд, ҷилавгирӣ намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ хабар доданд, дар гузаргоҳи назорати гумрукии ноҳияи Исафара ҳангоми санҷиши вагони дорои хушкмева 72 бастаи героини афғонӣ дарёфт ва мусодира карда шуд. Вазни умумии маводи мухаддири мусодирашуда 14 килоро ташкил дод.

«Муайян карда шуд, ки ин мавод ба шаҳрванди 30-солаи Тоҷикистон Беҳрӯз Бобоев тааалуқ дошта, ӯ онро ба Қзоқистон интиқол доданӣ будааст», – гуфт манбаъ.

Дар хадамоти матбуоти зикр карданд, ки аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, корҳои тафтишоти идома доранд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Теъдоди муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон дар Лаҳистон афзудааст”

Бисёре аз муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар намехоҳанд дар Русия кор кунанд.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.