Ифтитоҳи намоишгоҳи рассомони тоҷик дар осорхонаи Пекин

Дар нигористони Осорхонаи Пекини Қасри императорӣ намоишгоҳи рассомони тоҷик бахшида ба 20-умин солгарди Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт. Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, маросими кушодашавии намоишгоҳ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Халқии Хитой Рашид Олимов меҳмононро хайрамақдам гуфта, зикр сохт, ки номи намоишгоҳ «Сеҳри кӯҳҳо ва гулҳо» […]

Asia-Plus


Дар нигористони Осорхонаи Пекини Қасри императорӣ намоишгоҳи рассомони тоҷик бахшида ба 20-умин солгарди Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, маросими кушодашавии намоишгоҳ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Халқии Хитой Рашид Олимов меҳмононро хайрамақдам гуфта, зикр сохт, ки номи намоишгоҳ «Сеҳри кӯҳҳо ва гулҳо» оид ба яке аз гӯшаҳои биҳиштӣ дар рӯи замин бо номи Тоҷикистон тасаввуроти бештар мукаммал медиҳад.

Сафир таъкид кард: «Тоҷикистон – сарзамини қадимест, ки тахайюлу тасаввуроти рассомро ба ваҷд меорад. Кӯҳҳои бузург, ки бар онҳо осмони кабуд такя мекунад; сабзазори алпӣ бо алафҳои зумуррадин ва гулҳои бошукӯҳ; кӯлҳои софи баландкӯҳҳо, ки дар онҳо ситораҳои қудсӣ, моҳи зарди дурахшон ва офтоби оҳангудоз инъикос меёбанд; боғҳои дастӣ, ки бо рангҳои баҳор пуртуғёнанд; водиҳои беканори зумуррадин бо обхезии лолаҳои суп-сурх, – ҳамаи ин чун миқнотис (магнит) мусаввиру наққошони ватанӣ ва хориҷиро ба худ ҷалб мекунад. Корвонҳои сарсафеди қуллаҳои аршӣ, қолинҳои мӯҳташами гулҳои муаттар, – зебогии олии табиати тоҷик устодони лифҳоро ба ғайрат меорад».

 Р. Олимов маҷмӯи расмҳои наққошони тоҷикро муаррифӣ намуда, қайд кард, ки қисми зиёди намоишгоҳ расмҳои устоди нақшу нигор, се маротиба ҷоизадори Мукофоти давлатии Тоҷикистон, рассоми халқии Тоҷикистон ва ИҶШС Сӯҳроб Қурбоновро ташкил медиҳад. Сафир тамоми ҳозирин ва меҳмонони сершуморро ба саёҳати ғоибона ба Тоҷикистон – кишвари кӯҳҳову гулҳои сеҳрнок даъват намуд.

 Муовини аввали Мудири кулли Бюрои муносибатҳои байналмилалии фарҳангии Вазорати фарҳанги Хитой Xie Jinying дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ баромад карда, тазаккур дод, ки «Хитой ва Тоҷикистон – кишварҳои дӯсти қарин ҳастанд, ки бо талошҳои муштарак комёбиҳои бузургро ба даст овардаанд, аз ҷумла, дар соҳаи ҳамкории фарҳангӣ. Тоҷикон, яке аз халқҳои қадимтарини Осиёи Марказӣ, дар дарёи тӯлонии таърихи инсоният ба ҷаҳон намунаҳои беҳтарини фарҳангро тӯҳфа кардаанд. Намоишгоҳи рассомони тоҷик имконияти беҳтарин медиҳад, то бо эҷодиёти устодони рассомони тоҷик шинос шавед, Тоҷикистони муосирро беҳтар бинед ва амиқтар дарк намоед. Ин рӯйдоди хеле муҳим дар табодули фарҳангии миёни ҳарду кишвар дар рӯзҳои ҷашни 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон мебошад. Бешубҳа, намоишгоҳ ба тавсеаи минбаъдаи ҳамдигарфаҳмӣ ва таҳкими дӯстӣ миёни халқҳои Хитой ва Тоҷикистон саҳми худро мегузорад».

 Дабири кулли СҲШ Муратбек Иманалиев созмондиҳандагон ва иштирокчиёни намоишгоҳро бо ифтитоҳи он муборакбод гуфта, саҳми бузурги Тоҷикистон ва Хитойро дар тақвияти ҳамкории фарҳангӣ ва гуманитарӣ дар фазои СҲШ қайд кард. «Намоишгоҳ – намунаи возеҳи он аст, ки чи қадар муколамаи фарҳангҳо дар чаҳорчӯби СҲШ амиқу устувор аст», – зикр сохт ӯ.

 Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ намояндагони вазоратҳои фарҳанг ва корҳои хориҷии Хитой, Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай, сафирон ва дипломатҳои кишварҳои дӯст, ходимони ҷамъиятӣ ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...