Модари Ёқуб Салимов ҳашт рӯз назди хонаи президент қарор дошт

Оилаи собиқ вазири умури дохилӣ ва собиқ раиси Кумитаи гумруки Тоҷикистон Ёқуб Салимов бори дигар аз ҳукуматдорон талаб кард, ки ӯро аз боздоштгоҳи муваққатӣ ба маҳбас гузаронанд. «Ӯ хеле мариз аст, пойҳояш дард мекунад, қариб чизеро намебинад, фишораш баланд буда, дилаш ҳам азият медиҳад, – гуфт модари Ё.Салимов Ашӯрбӣ Салимова. – Илтимос мекунам, агар озод […]

Олга Тутубалина


Оилаи собиқ вазири умури дохилӣ ва собиқ раиси Кумитаи гумруки Тоҷикистон Ёқуб Салимов бори дигар аз ҳукуматдорон талаб кард, ки ӯро аз боздоштгоҳи муваққатӣ ба маҳбас гузаронанд.

«Ӯ хеле мариз аст, пойҳояш дард мекунад, қариб чизеро намебинад, фишораш баланд буда, дилаш ҳам азият медиҳад, – гуфт модари Ё.Салимов Ашӯрбӣ Салимова. – Илтимос мекунам, агар озод кардани ӯ ғайриимкон бошад, пас аққалан ӯро ба маҳбас гузаронанд».

Имрӯз дар меҳмонхонаи «Авесто» оилаи Ёқуб Салимов барои рӯзноманигорон нишасти матбуотӣ доир кард. Сабаби нишасти матбуотиро оилаи Салимов чунин шарҳ доданд, ки нисбат ба Ё.Салимов муқаррароти қонунгузорӣ иҷро намешавад. «Ман 86 сол дорам ва дере нагузашта ҷаҳонро падруд мегӯям. Вақте боре маро назди ӯ роҳ доданд, ӯ ба ман гуфт, ки ман туро хеле бад мебинам. Ӯ дардманд аст, чаро намешудааст, ки ӯро ба маҳбас гузаронанд?», – мегӯяд вай.

Зимистони соли гузашта Ашӯрбӣ Салимов «ҳашт рӯз сари зону назди хонаи президент истод, танҳо мехост чанд сухане ба ӯ бигӯяд, вале муҳофизон гуфтанд, ки «ту худатро ҳатто ин ҷо оташ зан, вале ҳеҷ натиҷае ҳосил нахоҳад шуд».

Хешовандони Ёқуб Салимов чандин маротиба бо дархост ба Маҷлиси Олии ҶТ, Прокуратураи генералӣ, Раёсати ислоҳи ҷазо ва Вазорати адлия муроҷиат карда, хостаанд, сабаби ба маҳбас нагузаронидани ӯро бифаҳманд. «Ба ҳамаи дархостҳо посух як буд: «мо ин масъаларо баррасӣ мекунем», – мегӯянд аҳли оила.

Рӯзи 28-уми сентябр бо дархсоти маҳкумшуда оилаи Ё.Салимов адвокати нав – Шӯҳрат Қудратовро киро кард. Ояндаи наздик Ш.Қудратов ният дорад, ки бо маҳкумшуда вохӯрда, парвандаро мавриди омӯзиши дақиқ қарор диҳад.

Ба гуфтаи худи Ш.Қудратов ӯ ба Прокуратураи генералӣ ҷиҳати муайян кардани шахсоне, ки монеъи интиқоли Салимов аз боздоштгох ба маҳбас шудаанд, дархост хоҳад фиристод. «Дар қонун барои иҷро накардани қарорҳои судӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ ешбинӣ шудааст. Ҳамчунин мутобиқи Қонун «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон» шахсони масъуле, ки саривақт ба дархости шахсони ҳуқуқиву воқеъӣ посух намегӯянд, низ масъулият, аз ҷумла масъулияти ҷиноӣ низ пешбинӣ мегардад», – гуфт вай.

Ҳуқуқшинос дар як вақт ният дорад, ки ба Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон низ муроҷиат намояд. «Мо метавонем аллакай ҳозир муроҷиат намоем, зеро тамоми зинаҳои судии дохилӣ гузашта шудаанд ва барои мо интизор шудани ҷавоби Прокуратураи генералӣ зарур нест», – иброз дошт Ш.Қудратов ва афзуд, ки парвандаи Ё.Салимов хеле мушкил аст, «вале мо бо истифода аз қонун ба барқарор кардани ҳақиқат ва адолат мекӯшем».

Ёдрас менамоем, Додгоҳи Олии Тоҷикистон Ёқуб Салимовро 25 апрели соли 2005 бо ҷароими сангин аз қабили хиёнат ба ватан, нигаҳдорӣ ва тиҷорати силоҳ ва сӯистифода аз мансаб, ки паёмадҳои вазнин ба думбол доштааст, ба 15 соли зиндон маҳкум шуд. Бо ҳукми додгоҳ ҳамчунин генерали собиқи тоҷик аз тамоми рутбаҳои низомӣ ва ҷоизаҳои давлатӣ маҳрум гардид. Салимов аз фармондеҳони   Фронти Халқӣ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ буда, дар соли 1992 дар амри ба сари қудрат овардани ҳукумати кунунӣ нақши умда дошт.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.