Шабдолов: Ҷаҳонро мавҷи дуюми бӯҳрони моливу иқтисодӣ фаро гирифт

Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов бар ин назар аст, ки мавҷи дуюми бӯҳрони моливу иқтисодии дар соли 2008—ум рухдода аллакай оғоз шудааст ва андешаи аксари сиёсатмадорону коршиносон ҷиҳати такрор нашудани он ба воқеъият мутобиқат надоранд. Ба андешаи Шабдолов, сабаби асосии бӯҳрони кунунӣ монетаризм аст, яъне ба ивази усули маъмулии истифодаи рушди ҳар як ҷомеа […]

Аваз Юлдошев


Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов бар ин назар аст, ки мавҷи дуюми бӯҳрони моливу иқтисодии дар соли 2008—ум рухдода аллакай оғоз шудааст ва андешаи аксари сиёсатмадорону коршиносон ҷиҳати такрор нашудани он ба воқеъият мутобиқат надоранд.

Ба андешаи Шабдолов, сабаби асосии бӯҳрони кунунӣ монетаризм аст, яъне ба ивази усули маъмулии истифодаи рушди ҳар як ҷомеа тавассути воситаи «пул-маҳсулот-пул»  ҷомеаи сармоядорӣ усули «пул-коғазҳои қимматнок-пул»-ро интихоб намуд.

«Эътиқод ба пул ва ташкили пирамидаҳои молиявӣ сабаби аслии бӯҳрон ҳастанд ва ман итминон дорам, ки ин бӯҳрон боз муддати 5-6 соли минбаъд низ идома хоҳад ёфт», – гуфт ӯ.

Шабдолов мӯътақид аст, ки танҳо он кишварҳое, ки роҳи рушди сотсиалистиро касб кардаанд, метавонанд мувафақона ин бӯҳронро паси сар созанд.

Шабдолов мегӯяд, «мутобиқи маълумоти оморӣ, феълан 42 млн. нафар шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико поинтар аз сатҳи ниҳоии зиндагӣ дар кишвар қарор дошта, аксари сокинони сайёра қобилияти харидории худро аз даст дода истодаанд, вале иқтидорҳои истеҳсолӣ мавриди истифодаи  як гурӯҳи ҳариси сармоядоронанд ва дар хусуси анҷоми бӯҳрон дар ин ҳолат наметавон ҳарф зад».

«Танҳо танзими иқтисод аз ҷониби давлат метавонад иқтисоди ҷаҳонро аз шикасти мукаммал наҷот диҳад. Ман мутамаинам, ки бӯҳрони мазкур аксари кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла давлатҳои собиқи шӯравиро ба муттаҳидшавӣ водор месозад», – изҳор кард Шабдолов.

Дар идома раиси Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон иброз дошт, ки мутобиқи пешгуйиҳои Созмони байнулмилалии меҳнат, соли 2012 дар кишварҳои ба истилоҳ узви «бистгонаи бузург» беш аз 40 млн. нафар аз ҷойи корӣ маҳрум мешаванд ва ин ҳам дар ҳолест, ки шумори бекорон дар сайёра аллакай 200 млн. нафарро ташкил медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.