Акнун радиои «Азиа-Плюс»-ро метавон дар саросари кишвар ва тариқи Интернет шунид

Радиои «Азия-Плюс» барои пахши барномаҳо дар саросари кишвар ва тариқи шабакаи Интернет иҷозатнома гирифт. Ба гуфтаи директори генералии радио Парвона Аҳрорӣ, айни замон барои муайян кардани басомад ва диапазони пахши барномаҳо дар минтақаҳои кишвар мутахассисон ҷалб карда шудаанд. Ҳамчунин барои аудиторияи бузурги шунавандагон барномаҳои нав омода шудаанд. «Аммо шакл ва забони гуфтори радио чун пештара […]

Фирӯз Умарзода


Радиои «Азия-Плюс» барои пахши барномаҳо дар саросари кишвар ва тариқи шабакаи Интернет иҷозатнома гирифт.

Ба гуфтаи директори генералии радио Парвона Аҳрорӣ, айни замон барои муайян кардани басомад ва диапазони пахши барномаҳо дар минтақаҳои кишвар мутахассисон ҷалб карда шудаанд.

Ҳамчунин барои аудиторияи бузурги шунавандагон барномаҳои нав омода шудаанд. «Аммо шакл ва забони гуфтори радио чун пештара – барномаҳои иттилоотиву фароғатӣ бо забони русиву тоҷикӣ боқӣ мемонанд», – мегӯяд П. Аҳрорӣ.

Номбурда мӯътақид аст, ки пахши барномахои радио дар саросари кишвар ба фаъолияти кормандони радио такони ҷиддӣ хоҳад бахшид. «Радиои мо ба шунавандагон иттилооти фаврӣ бо забонҳои тоҷикиву русӣ, шарҳу тафсири шахсони салоҳиятдор оид ба масоилу мушкилоти муҳими рӯз, навгониҳо аз олами мусиқӣ ва дигар барномаҳои ҷолибро пешниҳод менамояд», – изхор кард ӯ.

Радиои «Азия-Плюс» нахустин радиоест, ки онро метавон тариқи шабакаи Интернет низ шунид. Пахши барномаҳо тариқи шабакаи Интернет пас аз ду моҳ ва дар саросари кишвар каме баъдтар амалӣ хоҳад шуд.

Радиои ASIA-Plus – нахустин радиои мустақили Душанбе. Радио 9-уми сентябри соли 2002 дар мавҷи 107 FM садо дод, 24 соат дар шабонарӯз ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашрҳои хабарӣ ва барномаҳо пахш мекунад. Шакли барномасозии радио – иттилоотию мусиқӣ. Нашрҳои хабарӣ ҳар соат пахш мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.