Парвандаи Бобоеви ҳангоми бозпурсӣ ҳалокшуда то ҳанӯз тафтиш нашудааст

Парвандаи Исмон Бобоев, ки якуним сол пеш ҳангоми бозпурсӣ дар Раёсати минтақавии мубориза бо ҷинояткории муташаккили вилояти Суғд ба ҳалокат расид, то ҳанӯз мавриди тафтиш қарор нагирифтааст. Дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» падари марҳум Ҷӯрабой Бобоев изҳор кард, ки аз муроҷиатҳои ӯ ба мақомоти гуногун ҳеҷ натиҷае ҳосил нашудааст. Ҳамаи мактубҳои ӯ ба Прокуратураи […]

Рамзия Мирзобекова


Парвандаи Исмон Бобоев, ки якуним сол пеш ҳангоми бозпурсӣ дар Раёсати минтақавии мубориза бо ҷинояткории муташаккили вилояти Суғд ба ҳалокат расид, то ҳанӯз мавриди тафтиш қарор нагирифтааст.

Дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» падари марҳум Ҷӯрабой Бобоев изҳор кард, ки аз муроҷиатҳои ӯ ба мақомоти гуногун ҳеҷ натиҷае ҳосил нашудааст. Ҳамаи мактубҳои ӯ ба Прокуратураи генералӣ фиристода мешаванд. Моҳи майи соли равон ӯ бо мактуби навбатӣ ба президент муроҷиат кардааст, лекин ин нома ҳам ба Прокуратураи генералӣ ирсол шудааст.

Бори охир ӯ ба прокуратура моҳи июни соли ҷорӣ муроҷиат кардааст. Ҳамчунин муроҷиатҳои ӯ ба Русия, ки Исмон Бобоев шаҳрванди он мебошад, бенатиҷа мондаанд. Падари марҳум ба Прокуратураи генералии ФР, губернатори вилояти Курск, ки писраш он ҷо иқомат дошт, президенти Русия низ муроҷиат намудааст. Посух як буд – ҳамаи муроҷиатҳо ҷиҳати баррасӣ ба Прокуратураи генералии ҶТ фиристода мешданд.

«Ман умед доштам, ки аққалан ҳукуматдорони Русия аз шаҳрванди худ пуштибонӣ мекунанд, вале онҳо низ таваҷҷӯҳе зоҳир насохтанд, вале ман то замоне, ки гунаҳкорон ба ҷавобгарӣ кашида нашаванд, мубориза хоҳам бурд. Агар масъала дар ин ҷо роҳи ҳалли худро пайдо накунад, ба Суди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон муроҷиат хоҳам кард», – мегӯяд вай.

Исмон Бобоев моҳи феврали соли 2010 дар бинои Раёсати минтақавии мубориза бо ҷинояткории муташаккили вилояти Суғд ба ҳалокат расид. Ташхиси нахустини судиву тиббӣ ба чунин хулоса расид, ки ӯ бар асари асфиксияи механикӣ, дар натиҷаи ба дохил фурӯ рафтани забон ҳалок шудааст. Вале баъди якуним моҳ ҷасад аз қабр бароварда шуда, коршиносон пас аз ташхиси дубора ба хулоса омаданд, ки ӯ аз зарбаи барқ ба ҳалокат расидааст.

Ба гуфтаи Ҷ.Бобоев, ин гувоҳи он аст, ки ҳангоми бозпурси ба тани писари ӯ ноқили барқӣ мегузоштаанд. Аз рӯйи ин далел прокуратураи вилояти Суғд парвандаи ҷиноӣ боз кард, вале бо сабабҳои номаълум он мутаваққиф гардид.   

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.