Хуҷанд: Баррасии масоили дастрасии ҷабрдидагон аз шиканҷа ба кӯмаки ҳуқуқӣ

Дар кори мизи гирд, ки дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби Марказ оид ба ҳуқуқи инсон бо дастгирии Дафтари САҲА дар Тоҷикистон созмон дода шуд, масоили марбут ба дастрасии адвокатҳо ба зерҳимоягони худ, кӯмаки ҳуқуқӣ расонидан ба ашхоси мавриди шиканҷа қароргирифта баррасӣ шуданд. Намояндаи Марказ оид ба ҳуқуқи инсон Парвина Наврӯзова қайд кард, ки аз замони […]

Мавлуда Рафиева


Дар кори мизи гирд, ки дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби Марказ оид ба ҳуқуқи инсон бо дастгирии Дафтари САҲА дар Тоҷикистон созмон дода шуд, масоили марбут ба дастрасии адвокатҳо ба зерҳимоягони худ, кӯмаки ҳуқуқӣ расонидан ба ашхоси мавриди шиканҷа қароргирифта баррасӣ шуданд.

Намояндаи Марказ оид ба ҳуқуқи инсон Парвина Наврӯзова қайд кард, ки аз замони шурӯъи татбиқи лоиҳаи мубориза бар зидди истифодаи шиканҷа дар Тоҷикистон мунтазам далелҳои истифодаи шиканҷа ҳуҷҷатгузорӣ шуда, муайян карда шудааст, ки шиканҷаву зӯроварӣ маҳз аз вақти боздошт истифода мешаванд ва ҳуқуқи адвокатҳо ба дастрасӣ ба зерҳимояи худ риоя намегардад.

Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки аз ҷониби марказ дар чаҳорчӯби амалисозии лоиҳа бо адвокатҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ як қатор вохӯриҳои кории машваратӣ доир карда шуданд, ки дар онҳо мушкилоти асосии адвокатҳо зимни амалисозии фаъолият бобати дифоъ аз ҷабрдидагони шиканҷа мавриди баҳс қарор гирифтанд.

Наврӯзова афзуд, намояндагони марказ дар ҳамдастӣ бо мутахассисони Додситонии кулл ва дигар созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқ пайи таҳияи дастур барои кормандони мақомоти додситонӣ оид ба тафтишоти пурсамари истифодаи шиканҷа мебошанд.

Намояндаи Лигаи занони ҳуқуқшинос Хуршеда Мӯъминзода зимни муаррифии натиҷаҳои фаъолияти гурӯҳи кории омӯзиши масъалаи «Дастрасии адвокат ба боздоштшудагон» изҳор кард, ки баъзан ба адвокат ҳатто имкон дода намешавад, ки бо қарор дар бораи боз кардани парвандаи ҷиноӣ шинос шавад.

«Вохӯрии адвокат бо зерҳимояи худ як қисмати фаъолияти адвокат ҷиҳати дифоъ аз шаҳрванд аст ва ин гунн кор зарурати таҳлили муштаракаи маводи парвандаро тақозо мекунад, ки бидуни истифодаи компютер мушкил аст. Ба муфаттишон барои истифодаи техника иҷозат дода шудааст, вале ин амал барои адвокатҳо манъ аст», – мегӯяд Мӯъминзода.

Дар анҷоми кори мизи гирд аз ҷониби адвокатҳо, намояндагони додгоҳи вилоятӣ, мақомоти додситонӣ ва Шӯрои адлия як қатор тавсияҳо таҳия гардид. Аз ҷумла пешниҳод шуд, ки ба як қатор моддаҳои Кодекси мурофиавӣ-ҷиноӣ, ки ба ваколати ҳимоягар ва ҳуқуқи гумонбаршуда дахл доранд, тагйироту иловаҳо ворид карда шавад.

 


Акс аз board.donetsk24.com.ua

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.