Мусодираи 2000 дискҳои фурӯшашон манъшуда дар вилояти Суғд

Дар зарфи 9 моҳи соли равон аз ҷониби комиссияи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо мақсади санҷиши риояи талаботи Қонуни Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва танзими фаъолияти нуқтаҳои нусхабардорӣ ва паҳнкунии маводи аудиовизуалӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят як қатор рейдҳои назоратӣ – санҷишӣ гузаронида шуданд.  Тавре аз хадамоти […]

Asia-Plus


Дар зарфи 9 моҳи соли равон аз ҷониби комиссияи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо мақсади санҷиши риояи талаботи Қонуни Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва танзими фаъолияти нуқтаҳои нусхабардорӣ ва паҳнкунии маводи аудиовизуалӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят як қатор рейдҳои назоратӣ – санҷишӣ гузаронида шуданд.

 Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, дар натиҷаи рейдҳо зиёда аз 2000 фиттаю дискҳои манъшуда мусодира гардиданд, ки қариб 50 фисади онҳоро фитаҳои мазмуни динӣ дошта ташкил медиҳанд.

Ба иттилои мнбаъ, ҳамчунин мутобиқи қарори комиссия зиёда аз 600 китобҳои мазмуну мӯҳтавои динӣ дошта, 3 маҷалла, 109 адад фитта аз ташхис гузаронида, 37 китоб бо назардошти баъзе фикру андешаҳо, паст будани сифати чоп аз фурӯш боздошта шуд.

 


Акс аз ufatut.ru

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.