Аҳзоби сиёсии Тоҷикистон дар хусуси пешниҳоди Путин

Пешниҳоди нахуствазири Русия Владимир Путин дар бораи таъсиси Иттиҳоди Авруосиё барои ҳамгиройии кишварҳои собиқ шӯравиро метавон як маъракаи таблиғотии пеш аз интихобти президентии баҳори соли 2012 дар Русия унвон кард. Дар ин хусус дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» роҳбари шӯъбаи таблиғот ва робита бо ВАО-и Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистон Усмон Солеҳов хабар дод. Ба […]

Аваз Юлдошев


Пешниҳоди нахуствазири Русия Владимир Путин дар бораи таъсиси Иттиҳоди Авруосиё барои ҳамгиройии кишварҳои собиқ шӯравиро метавон як маъракаи таблиғотии пеш аз интихобти президентии баҳори соли 2012 дар Русия унвон кард. Дар ин хусус дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» роҳбари шӯъбаи таблиғот ва робита бо ВАО-и Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистон Усмон Солеҳов хабар дод.

Ба андешаи ӯ, ин иқдом пеш аз ҳама барои сӯйи худ моил намудани интихобкунандагонест, ки то ҳанӯз барқароршавии Иттиҳоди Шӯравиро орзу доранд. Намояндаи ҲХДТ мӯътақид аст, ки эҳёи Иттиҳоди Шӯравӣ дар шакли пешин ғайриимкон аст.

«Дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҳуқуқҳои зиёди намояндагони аққалиятҳои миллӣ поймол мешуданд: забон, мазҳаб ва расму анъанаҳои аксари халқҳо дар ҳоли нобудшавӣ қарор доштанд. Ҷумҳуриҳои миллӣ бидуни мувофиқа бо Маскав ҳеҷ қароре қабул карда наметавонистанд», – зикр кард У. Солеҳ.

Дар ҳамин ҳол, ӯ ҳамгиройии иқтисодии собиқ кишварҳои шӯравиро аз эҳтимол дур надониста, бар ин назар аст, ки чунин ҳамкорӣ дар рушди минбаъдаи кишварҳо нақши муҳим хоҳад дошт.

Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумони кишвар Шодӣ Шабдолов низ пешниҳоди В. Путинро маъракаи таблиғотӣ мешуморад. «Ашхосе, ки муддати 20 соли ахир Иттиҳоди Шӯравиро мавриди интиқод қарор дода буданд, ногоҳ дар хусуси иттиҳод ҳарф мезананд ва ин касро ба андеша водор менамояд, – мегӯяд Шабдолов. – Агар Путин чунин шуморад, ки пас аз ин пешниҳоди ӯ ҳама ба муттаҳидшавӣ шитоб мекунанд, ба иштибоҳ меафтад. Қабл аз ҳама, мебояд усулҳоеро муайян кард, ки дар асоси он як иттиҳод сохта бишавад. Имрӯз ба ҳама маълум аст, ки дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дигар ҳеҷ як кишваре дар асоси усулҳои ғоратгаронаи Чубайсу Дерипаска муттаҳид шуданӣ нест».

Муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, вакили палати поёнии парлумони кишвар Саидумар Ҳусайнӣ дар робита ба ин масъала мегӯяд, ҳангоме аксари кишварҳову халқҳо баҳри расидан ба некӯаҳволии мардуму рушди давлатҳо муттаҳид мешаванд, ин андешаи хуб аст, вале ин ҷо ҳамчунин мебояд самимияти чунин изҳоротро ба эътибор гирифт ва зимни таъсиси ягон иттиҳоде ба иштироки баробарҳуқуқи ҳамаи ҷонибҳо мебояд эҳтиром гузошт.

Пешвои сотсиал-демократҳои Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров мутамин аст, ки пешниҳоди Путин саривақтӣ аст, вале аз он изҳори таассуф мекунад, ки нахуствазири Русия аз механизмҳои амалисозии пешниҳоди худ ҳарф намегӯяд.

«Таври маълум пешниҳоди бидуни механизми амалисозии он тахайюлот аст», – таъкид кард Р.Зойиров.

Рӯзи сешанбеи ҳафтаи гузашта дар нашрияи «Известия» мақолаи нахуствазири Русия Владимир Путин интишор гардид, ки он ба раванди ҳамгиройии минбаъдаи собиқ кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ бахшида шудааст. Чанде аз коршиносон ин мақолаи Путинро «барномаи пешазинтихоботии ӯ» унвон карданд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.