Баррасии дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Япония дар Қувайт

Дар остонаи ҷаласаи 10-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Муколамаи ҳамкории Осиё дар Қувайт мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Чумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Котиби Парлумон, муовини Вазири корҳои хориҷии Япония Казуюки Хамада баргузор гардид. Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо сатҳи кунунии ҳамкорӣ миёни ҳарду кишвари дӯстро бо қаноатмандӣ […]

Asia-Plus


Дар остонаи ҷаласаи 10-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Муколамаи ҳамкории Осиё дар Қувайт мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Чумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Котиби Парлумон, муовини Вазири корҳои хориҷии Япония Казуюки Хамада баргузор гардид.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо сатҳи кунунии ҳамкорӣ миёни ҳарду кишвари дӯстро бо қаноатмандӣ қайд намуданд.

 Ба иттилои манбаъ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо Япония дар тамоми соҳаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн, аз ҷумла бо Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA), изҳори омодагӣ кард.

 Ҳамзамон, дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкории бисёрсамта, бахусус фаъолияти нахустин ширкати муштараки дорусозии Тоҷикистону Япония «Аввалин» мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифтанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.