Оғози баррасии буҷаи давлатии соли 2010 дар парлумон

Имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи бюҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои соли 2012 баррасӣ шуда, сипас он барои омӯзиш ба кумитаҳо ва комиссияҳо ирсол мегардад. Ҳукумати ҷумҳурӣ ин лоиҳаи қонунро дар таърихи 30-юми сентябр маъқул шуморида, онро ба парлумон пешниҳод кард. Қисми даромади буҷаи соли 2012 дар ҳаҷми […]

Аваз Юлдошев



Имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи бюҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои соли 2012 баррасӣ шуда, сипас он барои омӯзиш ба кумитаҳо ва комиссияҳо ирсол мегардад.


Ҳукумати ҷумҳурӣ ин лоиҳаи қонунро дар таърихи 30-юми сентябр маъқул шуморида, онро ба парлумон пешниҳод кард.


Қисми даромади буҷаи соли 2012 дар ҳаҷми 10 млрд. 160 млн. сомонӣ (беш аз 2,1 млрд. $) ва хароҷот ба миқдори 10 млрд. 340 млн. сомонӣ (ҳудуди 2,2 млрд. $) пешбинӣ шудаанд, ки аз ҳаҷми даромаду хароҷоти бюҷети соли равон мутаносибан ба андозаи 1 млрд. 860 млн. ва 1 млрд. 750 млн. сомонӣ бештаранд.


Ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ҳачми 35,8 млрд. сомонӣ (7,5 млрд. $), ҳаҷми афзоиши истеҳсолот 7% ва сатҳи таваррум ба андозаи 10,5% ба нақша гирифта шудааст.


Қариб 50%-и бюҷети соли 2012 (беш аз 5 млрд. сомонӣ) ба маблағгузорӣ ҷиҳати рушди бахши иҷтимоӣ равона мегарданд. Ҳудуди 3 млрд. сомонӣ барои амалисозии лоиҳаҳои стратегӣ, ки ба таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва раҳо кардани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ равона гардидаанд, пешбинӣ гардидаанд.


Соли оянда аз маблағҳои бюҷет 145 млн. сомонӣ барои рафъи мушкилоти камбуди оби нӯшокӣ дар 24 шаҳру навоҳии кишвар истифода хоҳанд шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.