Мулоқоти ғайрирасмии сарони кишварҳои СААД дар Маскав

Дар таърихи 20-уми декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Маскав мулоқоти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ доир мегардад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуоти созмон Владимир Зайнетдинов хабар дод, дар ин хусус зимни мулоқоти қаблӣ рӯзи 12-уми август дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Остона мувофиқа ҳосил шуда буд. Айни замон рӯзномаи мулоқоти сарони […]

Asia-Plus


Дар таърихи 20-уми декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Маскав мулоқоти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ доир мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуоти созмон Владимир Зайнетдинов хабар дод, дар ин хусус зимни мулоқоти қаблӣ рӯзи 12-уми август дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Остона мувофиқа ҳосил шуда буд. Айни замон рӯзномаи мулоқоти сарони ҳафт кишвари узви созмон таҳия мешавад.

Ба гуфтаи сухангӯи созмон, ба сарони кишварҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон даъватномаҳои дахлдор ирсол шудаанд.

Қабл аз мулоқоти сарони кишварҳои узви созмон ҷаласаҳои Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Кумитаҳои котибони шӯрои амният ва Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви созмон баргузор мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.