Омбудсменҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар Душанбе гирдиҳам меоянд

Рӯзҳои 12-13-уми октябр дар шаҳри Душанбе вохӯрии Ваколатдорон оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсменҳо)-и минтақаи Осиёи Марказӣ баргузор мешавад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон хабар доданд, дар доираи ин вохӯрӣ семинари минтақавӣ дар мавзӯи «Институтҳои миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон мувофиқи Принсипҳои Париж ва нақши онҳо дар пешгирии шиканҷа […]

Наргис Ҳамробоева


Рӯзҳои 12-13-уми октябр дар шаҳри Душанбе вохӯрии Ваколатдорон оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсменҳо)-и минтақаи Осиёи Марказӣ баргузор мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон хабар доданд, дар доираи ин вохӯрӣ семинари минтақавӣ дар мавзӯи «Институтҳои миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон мувофиқи Принсипҳои Париж ва нақши онҳо дар пешгирии шиканҷа дар Осиёи Марказӣ» доир мегардад.

Дар ҷараёни семинар масоили рушди низоми миллии ҳимояи ҳуқуқи инсон дар минтақа, талаботи асосӣ ба Институтҳои миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон мувофиқи Принсипҳои Париж ва нақши онҳо дар пешгирии шиканҷа дар Осиёи Марказӣ, ҳамкории Ваколатдорон оид ба ҳуқуқи инсон бо СММ, Сохторҳои байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи инсон, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ВАО ва дигар масъалаҳо мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор мегиранд.

Чорабинии мазкур аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Идораи Комиссари Олӣ оид ба ҳуқуқи инсони Созмони Милали Муттаҳид, Дафтар оид ба ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо созмон дода шудааст.

Дар вохӯрӣ Роҳбари Департаменти Идораи Комиссари Олӣ оид ба ҳуқуқи инсони СММ оид ба Амрико, Аврупо ва Осиёи Марказӣ, Намояндаи минтақавии Идораи Комиссари Олӣ оид ба ҳуқуқи инсони СММ дар Осиёи Марказӣ, муовини Сардори шӯъбаи Институтҳои миллӣ ва механизмҳои минтақавии Идораи Комиссари Олӣ оид ба ҳуқуқи инсони СММ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Ҷумҳурии Қазоқистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Ҷ умҳурии Қирғизистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Муғулистон, Роҳбари Департаменти Маркази миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Ҷумҳурии Қазоқистон, Роҳбари Департамент оид ба пешгирӣ ва мониторинги Идораи ҳуқуқи инсони Гурҷистон ва дигар шахсони расмӣ аз дохил ва хориҷи кишвар иштирок менамоянд.

 


Акс аз lifedn.ru 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.