Суханронии Ҳ.Зарифӣ дар ҷаласаи ШВКХ кишварҳои узви Муколамаи ҳамкории Осиё

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар ҷаласаи 10-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ (ШВКХ)-и кишварҳои узви Муколамаи ҳамкории Осиё (МҲО) суханронӣ намуд.  Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар суханронии худ Ҳамрохон Зарифӣ хусусан таъсири бӯҳрони молиявӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ ва роҳҳои бартарафсозии он, имкониятҳои сармоягузорӣ ва истифодаи захираҳои табиӣ […]

ASIA-Plus


Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар ҷаласаи 10-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ (ШВКХ)-и кишварҳои узви Муколамаи ҳамкории Осиё (МҲО) суханронӣ намуд.

 Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар суханронии худ Ҳамрохон Зарифӣ хусусан таъсири бӯҳрони молиявӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ ва роҳҳои бартарафсозии он, имкониятҳои сармоягузорӣ ва истифодаи захираҳои табиӣ бар нафъи кишварҳои осиёиро қайд карда, ба масоили технологияҳои иттилоотӣ, нақлиёт ва муҳити зист таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуд.

Дар анҷоми суханронии худ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кишварҳои аъзо ҷиҳати иштирок дар иҷлоси 11-уми вазирони корҳои хориҷии МҲО, ки соли 2012 дар Душанбе ба нақша гирифта шудааст, даъват ба амал овард.

 Дар анҷоми суханронии худ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кишварҳои аъзо ҷиҳати иштирок дар иҷлоси 11-уми вазирони корҳои хориҷии МҲО, ки соли 2012 дар Душанбе ба нақша гирифта шудааст, даъват ба амал овард.

Аз рӯйи натоиҷи ҷаласаи дурӯза бо иштироки раиси кунунии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколамаи ҳамкории Осиё – муовини нахуствазир, вазири корҳои хориҷии Давлати Қувайт Сабоҳ ал Салим ал-Сабоҳ, раиси оянда – вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва ҳамчунин ҳамоҳангсоз – муовини вазири корҳои хориҷии Таиланд Ҷюллапонга Нонсричай нишасти хабарӣ доир шуд.

Дар чаҳорчӯби ҷаласаи мазкур Ҳамрохон Зарифӣ ҳамчунин як қатор гуфтушунидҳо анҷом дод. Аз ҷумла дар мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Алӣ Акбар Солеҳӣ ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи энергетика ва нақлиёт, инчунин дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷоративу иқтисодӣ бо истифода аз иқтидори ҳарду кишвар баррасӣ гардиданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ бо муовини вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Таиланд Ҷюллапонг Нонсричай вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон омодагии кишвари худро ҷиҳати баргузории ҷаласаи навбатии Муколамаи ҳамкории Осиё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2012 иброз намуда, изҳори боварӣ кард, ки ҷониби Таиланд ҳамчун ҳамоҳангсози Муколамаи ҳамкории Осиё Тоҷикистонро дар ин ҷода мусоидат хоҳад кард. Дар ин робита ҷонибҳо масоили тарҳрезӣ ва баргузории ҷаласаи навбатии МҲО-ро дар Тоҷикистон ва таҳияи лоиҳаи Эъломияи чорабинии навбатиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.