Изҳороти роҳбари ширкати «Барқи тоҷик» ба мардуми кишвар

Дар робита ба овозаҳои зиёди беасос роҷеъ ба таъминоти аҳолӣ бо нерӯи барқ дар мавсими тирамоҳу зимистони соли равон ширкати «Барқи тоҷик» изҳороти раиси ширкат Абдулло Ёров ба мардуми кишварро интишор намуд. Дар изҳорот гуфта мешавад, таъминоти аҳолӣ ва корхонаҳои саноатии кишвар дар мавсими тирамоҳу зимистони соли равон чун соли гузашта, яъне шаҳрҳои бузург ба […]

ASIA-Plus


Дар робита ба овозаҳои зиёди беасос роҷеъ ба таъминоти аҳолӣ бо нерӯи барқ дар мавсими тирамоҳу зимистони соли равон ширкати «Барқи тоҷик» изҳороти раиси ширкат Абдулло Ёров ба мардуми кишварро интишор намуд.

Дар изҳорот гуфта мешавад, таъминоти аҳолӣ ва корхонаҳои саноатии кишвар дар мавсими тирамоҳу зимистони соли равон чун соли гузашта, яъне шаҳрҳои бузург ба таври шабонарӯзӣ ва минтақаҳои ҷумҳурӣ 10-12 соат дар як шабонарӯз хоҳад буд.

А. Ёров зикр мекунад, ки истифодаи барқ аз тарафи корхонаи «ТАЛКО» ва пойгоҳҳои обкашии Вазорати  мелиоратсия ва хоҷагии об ва дигар корхонаву муассисаҳо ба ҳадди минималӣ кам карда шудааст.

Раиси холдинги энергетикӣ қайд мекунад, ки бо мақсади сарфакорона истифода бурдани оби обанбори Норак ширкат ба зерсохторҳои худ дар вилояту ноҳияҳо дастур додаст, ки шабона дар ҷойҳое, ки иншооти ҳаётан муҳим мавҷуд нестанд, интиқоли барқро қатъ намоянд ва изҳори умедворӣ намудааст, ки ин чораи зарурӣ аз ҷониби мардум ба хубӣ дарк ва боиси дастгирӣ хоҳад шуд.

Дар робита ба масъалаи ҷорӣ намудани реҷаи маҳдуди истифодаи барқ дар минтақаҳои кишвар, роҳбари ширкати «Барқи тоҷик» изҳор кардааст, ки чунин амал ба вазъи обуҳаво, бахусус сард шудани обуҳаво дар болооби рӯдхонаи Вахш вобаста аст.

Дар муроҷиатномаи худ ба мардуми кишвар роҳбари ширкати «Барқи Тоҷик» аз аҳолӣ даъват ба амал овардааст, ки нерӯи барқро сарфакорона истифода намоянд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.