Гумонбарии сардори шӯъбаи умури дини вилояти Хатлон ба порадиҳӣ

Сардори шӯъбаи умури дини вилояти Хатлон Бобохон Шарбатов ба гумони даст доштан дар порадиҳиву қаллобӣ боздошт шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон хабар дод, Шарбатов ҳангоми пешниҳоди пора ба як корманди Раёсати Кумитаи амнияти миллии вилоят боздошт гардидааст. Бино ба иттилои сарчашма, Раёсати Кумитаи амнияти миллии вилоят дар […]

Сайраҳмон Назриев


Сардори шӯъбаи умури дини вилояти Хатлон Бобохон Шарбатов ба гумони даст доштан дар порадиҳиву қаллобӣ боздошт шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон хабар дод, Шарбатов ҳангоми пешниҳоди пора ба як корманди Раёсати Кумитаи амнияти миллии вилоят боздошт гардидааст.

Бино ба иттилои сарчашма, Раёсати Кумитаи амнияти миллии вилоят дар ин шӯъба санҷиш доир сохта, як қатор камбудиҳоро ошкор сохтааст. «Шарбатов кӯшиш кард, ки ба кормандони ин раёсат пора диҳад, то аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод гардад», – гуфт манбаъ.

Тибқи маълумоти пешакӣ, нисбат ба боздоштшуда мутобиқи моддаҳои 247 (Қаллобӣ) ва 320 (Додани пора)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Зимнан хабар дода мешавад, ки Шарбатов аз ашхоси нияти сафари ҳаҷдошта низ пардохти маблағи иловагиро талаб мекардааст.

Ғулом Бобоев, вакили мудофеъи Шарбатов, дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор кард, ки ба зерҳимояи ӯ рӯзи 6-уми октябр айбнома эълон шудааст. «Алҳол ман ваҷҳу далелҳои муфаттишро шарҳ доданӣ нестам, зеро тафтишоти пешакӣ ҷараён дорад», – гуфт ӯ.

Ба гуфтаи вай, парвандаи ҷиноӣ рӯзҳои наздик ҷиҳати баррасӣ ба додситонии вилоят фиристода мешавад. Феълан Шарбатов дар боздоштгоҳи тафтишотии шаҳри Қӯрғонтеппа қарор дорад.

Соли равон барои вилояти Хатлон 1 ҳазору 673 квота барои адо намудани маросими ҳаҷ ҷудо гардид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.