Президенти Белорус рӯзи 27-уми октябр ба Тоҷикистон меояд

Санаи мушаххаси сафари расмии президенти Белорус Александр Лукашенко ба Тоҷикистон муайян карда шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъи огаҳ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, Александр Лукашенко рӯзи 27-уми октябри соли равон ба Душанбе ташриф меорад. Тавре қаблан хабар дода шуда буд, бо назардошти натоиҷи гуфтушуниди ҷонибҳо дар сатҳи олӣ аз имзои Созишнома дар бораи […]

ASIA-Plus


Санаи мушаххаси сафари расмии президенти Белорус Александр Лукашенко ба Тоҷикистон муайян карда шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъи огаҳ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, Александр Лукашенко рӯзи 27-уми октябри соли равон ба Душанбе ташриф меорад.

Тавре қаблан хабар дода шуда буд, бо назардошти натоиҷи гуфтушуниди ҷонибҳо дар сатҳи олӣ аз имзои Созишнома дар бораи ҳамкории дарозмӯҳлати Тоҷикистону Белорус барои солҳои 2011-2020, Барномаи ҳамкории иқтисодӣ миёни кишварҳо барои солҳои 2011-2020 ва ҳамчунин як қатор асноди байниҳукуматӣ интизорӣ меравад.

Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, дар зарфи 9 моҳи соли равон ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Белорус зиёда аз 52,8 млн. доллари ИМА-ро ташкил додаст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 47,7% бештар аст. Аз Тоҷикистон ба Белорус ба маблағи 9,7 млн. доллари ИМА маҳсулот фиристода шудааст, ки асосан нахи пахта мебошад. Ҳаҷми маҳсулоти аз Белорус ба Тоҷикистон воридшуда ҳудуди 43,8 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.Аз Белорус ба Тоҷикистон техникаи нақлиётӣ ва қисмҳои эҳтиётии он ворид мешаванд. Миёни кишварҳои узви Итттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) Белорус дар муомилоти моли хориҷӣ бо Тоҷикистон пас аз Русияву Қазоқистон мақоми сеюмро ишғол мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.