Тоҷикистон дар роҳи башарӣ гардонидани қонунгузории ҷиноӣ

Дар давраи омӯзишӣ таҳти унвони «Хусусияти таҳияи гузоришҳо оид ба мурофиаҳои судӣ» сардори Раёсати судҳои Дастгоҳи Вазорати адлияи ҶТ Абдухалил Раҷабов изҳор дошт, ки то соли 2013 Тоҷикистон бояд раванди башарисозии қонунгузории ҷиноиро ба анҷом расонад. Ба қавли ӯ, раванди мазкур дар доираи татбиқи Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013 доир гардида, дар […]

Наргис Ҳамробоева


Дар давраи омӯзишӣ таҳти унвони «Хусусияти таҳияи гузоришҳо оид ба мурофиаҳои судӣ» сардори Раёсати судҳои Дастгоҳи Вазорати адлияи ҶТ Абдухалил Раҷабов изҳор дошт, ки то соли 2013 Тоҷикистон бояд раванди башарисозии қонунгузории ҷиноиро ба анҷом расонад.

Ба қавли ӯ, раванди мазкур дар доираи татбиқи Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013 доир гардида, дар яке аз бандҳои ин барнома таҳия ва қабули Кодекси нави ҷиноятии ҶТ ва башарисозии қонунгузории ҷиноӣ пешниҳод шудааст.

«Бекор кардани як қатор амалҳои ҷиноӣ, ки айни замон ҳамчун ҷиноят маҳсуб мешаванд, пешниҳод гардида, минбаъд барои содир кардани чунин ҷиноёт масъулияти маъмурӣ бо тартиботи истеҳсолоти судии шаҳрвандӣ пешбинӣ мегардад», – гуфт Раҷабов.

Намояндаи Шӯрои адлияи ҶТ иброз дошт, ки миёни амалҳои барои бекор кардан пешниҳодшуда моддаҳои КҶ ҶТ дар бораи тӯҳмату таҳқир низ ҷой доранд, вале ин масъала айни замон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дошта, дар ин хусус алҳол ҳеҷ қароре қабул нагардидааст.

«Тоҷикистон дар масири башаригардонии қонунгузорӣ қарор дошта, онро ба меъёрҳои ҳуқуқи байнулмилалӣ мутобиқ мегардонад», – афзуд Раҷабов.

Дар давраи омӯзишӣ 20 нафар рӯзноманигорон аз Душанбе ва тамоми манотиқи ҷумҳурӣ ширкат доранд. Чорабинии мазкур рӯзҳои 17-21 октябри соли равон аз ҷониби Мактаби мустақили рӯзноманигории «Точикистон – асри XXI» дар доираи амалисозии лоиҳаи «Инъикоси масоили адолати судии ҷиноятӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ тавассути ВАО» бо дастгирии Шӯъбаи назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Ин тренинги дуюм аз силсилаи чорабиниҳои омӯзишӣ аст, ки барои ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеа ба масоили риояи ҳуқуқи инсон ва адолати судии ҷиноятӣ дар Тоҷикистон, ташкили замина барои муҳокимаи ҷамъиятии масоили мазкур, инчунин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ тавассути ВАО мусоидат мекунад. Тренинги панҷрӯзаи қаблӣ моҳи майи соли равон доир гардида буд.

Дар ҷараёни чорабинии омӯзишӣ масоили ҳуқуқ ба мурофиаи одилонаи судӣ, нақши рӯзноманигор дар таҳия ва бандубасти матолиби судӣ, ҳуқуқҳои мурофиавӣ ва ӯҳдадориҳои журналист дар суд мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Фардо, 20-уми октябр иштирокчиёни тренинг дар мурофиаҳои судӣ оид ба баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ дар судҳои ноҳияи Фирдавсӣ ва Исмоили Сомонии пойтахт ширкат меварзанд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.