Либерал-демократҳои Русия зидди расму оини қурбонӣ кардани чорво

Фраксияи Ҳизби либераливу демократии Русия ба баррасии Думаи давлатии Русия лоиҳаи қонунеро пешниҳод кардааст, ки дар он ба анҷом додани расму оини қурбонии чорво дар ҷойҳои барои ин амал махсус ҷудонашуда иҷозат дода намешавад. Бино ба иттилои Metronews.ru, мутобиқи қонуни мзкур, расму оини ибодат ё динии марбут ба амалҳои зӯроварӣ нисбат ба инсон ё ҳайвонот […]

ASIA-Plus


Фраксияи Ҳизби либераливу демократии Русия ба баррасии Думаи давлатии Русия лоиҳаи қонунеро пешниҳод кардааст, ки дар он ба анҷом додани расму оини қурбонии чорво дар ҷойҳои барои ин амал махсус ҷудонашуда иҷозат дода намешавад.

Бино ба иттилои Metronews.ru, мутобиқи қонуни мзкур, расму оини ибодат ё динии марбут ба амалҳои зӯроварӣ нисбат ба инсон ё ҳайвонот (қурбонӣ кардан, бахшидан, унвони динӣ додан ва ғайра) бояд танҳо дар биноҳои барои ин амал пешбинишуда сурат гиранд.

Барои дар кӯчаҳо (агар расму оин дар наздикии муассисаи кӯдакона сурат гирад) анҷом додани қурбонӣ кардан 15 рӯзи маҳбас пешбинӣ шудааст.

Намояндагони Ҳизби либераливу демократии Русия дар ВАО иброз доштаанд, ки анҷом додани амалӣ қурбонӣ кардани чорво дар пеши чашмони шаҳрвандони оддӣ ва кӯдакон боиси маломату сарзаниши ҷомеа гардидааст ва чунин расму оин хилофи қоидаҳои санитарӣ буда, ба рӯҳияи одамон таъсири манфӣ мерасонад.

Ёдрас мекунем, ки ҳафтаи оянда мусулмонони саросари ҷаҳон Иди Қурбонро ҷашн мегиранд. Расму оини қурбонӣ кардани чорво натанҳо дар Макка, балки дар маҳалли зисти мусулмон ва дигар макон низ метавонад анҷом дода шавад.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.

Қариб 50 млн евро қарзу грант барои коҳиши талафоти барқ дар Суғду Хатлон. Шарту шароити қарз чӣ гуна аст?

Ҳадафи лоиҳа коҳиши талафоти барқ ва ҷорӣ кардани низоми муосири ҳисоббаробаркунӣ гуфта мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 67

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

CММ: Бар асари низоъ дар Ховари Миёна то 32 млн нафар метавонанд дар хати фақр қарор гиранд

Хавфи ба ин ҳолат дучор шудани кишварҳои Халиҷи Форс, Осиё, Африқо ва ҷазираҳои хурд бештар аст.