Ташрифи шоҳзода Оғохони IV ба Тоҷикистон

Волоҳазрат шоҳзода Карим Оғохони IV – пешвои исмоилиёни ҷаҳон рӯзи 30-юми октябр ба Тоҷикистон ташриф меорад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъи огаҳ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, дар доираи сафари меҳмони олиқадр гуфтушуниди ӯ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дигар шахсони расмӣ дар назар аст. Рӯзи 31-уми октябр шоҳзода Карим Оғохони IV ва […]

Аваз Юлдошев/Турко Дикаев


Волоҳазрат шоҳзода Карим Оғохони IV – пешвои исмоилиёни ҷаҳон рӯзи 30-юми октябр ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъи огаҳ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, дар доираи сафари меҳмони олиқадр гуфтушуниди ӯ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дигар шахсони расмӣ дар назар аст.

Рӯзи 31-уми октябр шоҳзода Карим Оғохони IV ва президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими пуршукӯҳи ҳусни оғоз бахшидан ба сохтмони пули нав твассути рӯдхонаи Панҷ миёни рустоҳои Шоҳон (Тоҷикистон) ва Хоҳон (Афғонистон) ширкат хоҳанд варзид.

Баъди боздид аз макони сохтмони пули мазкур раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзал дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор кард, ки мавриди истифода қарор гирифтани пули мазкур ба таҳкими эътимоду боварӣ миёни аҳолии ду соҳили рӯдхонаи Панҷ, пурсамар гардидани фаъолияти хадамоти марзбонии ду кишвар дар самти пешгирӣ кардани убури ғайриқонунии марз аз ҷониби қочоқбарони афғон ва ғоратгарон мусоидат хоҳад кард.

Ба гуфтаи раиси вилоят, дар макони сохтмони пули нав минтақаи озоди савдо таъсис дода мешавад, ки ба ҳавасмандсозии аҳолии ду ҷониб ҷиҳати афзоиши зироату маҳсулот ва эҳёи касбҳои гуногун имкон фароҳам месозад.

Айн замон дар ду деҳаи Шоҳони Поён ва Шоҳони Боло дар 53 оила 369 нафар зиндагӣ мекунанд. Дар ҷамоати Даштиҷум, ки деҳаҳо ба қаламрави он шомиланд, феълан 5772 нафар сокинон иқомат доранд.

Ёдрас мекунем, ки бо иштироки Бунёди Оғохон моҳи августи соли равон дар ноҳияи Ванҷ тавассути рӯдхонаи Панҷ низ як пули нав боз гардид. Лоиҳа мутобиқи созишномаи сеҷониба миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Афғонистон ва Бунёди Оғохон оид ба рушд амалӣ гардида буд. Дарозии пул 216 метр буда, борбардориаш 30 тоннаро ташкил медиҳад. Барои сохтмони ин пул беш аз 3 млн. доллари ИМА масраф гардид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.

Қариб 50 млн евро қарзу грант барои коҳиши талафоти барқ дар Суғду Хатлон. Шарту шароити қарз чӣ гуна аст?

Ҳадафи лоиҳа коҳиши талафоти барқ ва ҷорӣ кардани низоми муосири ҳисоббаробаркунӣ гуфта мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 67

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

CММ: Бар асари низоъ дар Ховари Миёна то 32 млн нафар метавонанд дар хати фақр қарор гиранд

Хавфи ба ин ҳолат дучор шудани кишварҳои Халиҷи Форс, Осиё, Африқо ва ҷазираҳои хурд бештар аст.