Ҳисоботи телефонии раисони як қатор шаҳру навоҳӣ ба сарвари давлат

Date:


Чанде қабл раисони шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Рашт, Рўдакӣ, Ҳисор, Шаҳринав ва Ёвону Хуросон Имрўз ба резиденти кишвар Эмомалӣ Раҳмон доир ба вазъи омодагӣ ба зимистон ва  рафти киштукори тирамоҳӣ телефонӣ ахбор доданд

.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, зикр гардид, ки шаҳру ноҳияҳои мазкур соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, пеш аз ҳама  муассисаҳои маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро ба мавсими зимистон хуб омода намудаанд ва барои идомаи кишти такрори ва анҷом додани киштукори тирамоҳӣ чораҳои зарурӣ амалӣ менамоянд.

Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба қафомонии шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Ҳисор ва Ёвону Хуросон аз нақшаи киштукори тирамоҳӣ барои тезондани суръати кор ба роҳбарияти ин шаҳру навоҳӣ супоришҳои мушаххас дод.

Таъкид гардид, ки ҳосили меваю сабзавот ва пахтаи боқимонда пурраю беталаф ҷамъоварӣ карда шавад ва барои саривақту босифат анҷом додани киштукори тирамоҳӣ аз ҳар рўзи офтобӣ ва обу ҳавои мусоид  пурсамар истифода намоянд.

Ҳамчунин доир ба оғози мавсими нави ниҳолшинонӣ, бунёди боғу токзори нав ва барқарорсозии боғоти куҳна дастуру ҳидоятҳо дода шуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...