Ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони тоҷику эронӣ дар Душанбе

Чанде пеш дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ҳамоиши тиҷоратии соҳикорони Тоҷикистону Эрон баргузор шуд. Чорабинии мазкур дар чаҳорчӯби баргузории Намоишгоҳи махсуси Эрон дар Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва об доир гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд, дар кори ҳамоиш ба ҷуз соҳибкорони ду […]

Пайрав Чоршанбиев


Чанде пеш дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ҳамоиши тиҷоратии соҳикорони Тоҷикистону Эрон баргузор шуд. Чорабинии мазкур дар чаҳорчӯби баргузории Намоишгоҳи махсуси Эрон дар Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва об доир гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд, дар кори ҳамоиш ба ҷуз соҳибкорони ду ҷониб, ҳамчунин намояндагони вазорату идорахои дахлдори Тоҷикистон низ ширкат варзиданд.

Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи ҳамоиш муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Гулчеҳра Бозорова ба ҷониби Эрон барои дастгирӣ ва роҳандозии ҳамкории мутақобилан судманд дар бахшҳои гуногуни иқтисод изҳори миннатдорӣ намуд. Пас аз шиносоӣ бо фаъолият ва намунаҳои маҳсулоти тавлидотии ширкатҳои эронӣ, ҷонибҳо дар бораи ҳамкории дуҷониба як қатор аснод ба имзо расониданд.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл дар шаҳри Душанбе Намоишгоҳи махсуси Эрон дар Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва об ба кор шурӯъ намуд.

Дар намоишгоҳ ба ҷуз маҳсулоти ширкатҳои эронӣ, маҳсулоти чанде аз корхонаҳои ватанӣ ва ширкатҳои дигар кишварҳои, аз ҷумла Чин, Русия, Қазоқистон низ ба маърази тамошо гузошта шудааст. Кори намоишгоҳ то 19-уми ноябр идома меёбад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.