Дарёфти ду ҷасад дар яке аз манзилҳои зисти Хуҷанд

Дар яке аз манзилҳои зисти шаҳри Хуҷанд ҷасади ду нафар бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт шуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд хабар доданд, дар яке аз квартираҳои биноҳои истиқоматии микрорайони 8-уми шаҳр ҷасади соҳибманзил Иброҳим Салимови 50-солаи бекор ва Олга Салтановаи 45-сола бо ҷароҳатҳои буридаву шикаста ва чокшуда дарёфт гардидаанд. […]


Дар яке аз манзилҳои зисти шаҳри Хуҷанд ҷасади ду нафар бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд хабар доданд, дар яке аз квартираҳои биноҳои истиқоматии микрорайони 8-уми шаҳр ҷасади соҳибманзил Иброҳим Салимови 50-солаи бекор ва Олга Салтановаи 45-сола бо ҷароҳатҳои буридаву шикаста ва чокшуда дарёфт гардидаанд.

Бино ба иттилои манбаъ, аз рӯйи ин далел дар прокуратураи шаҳри Хуҷанд тибқи моддаи 104, қ. 2 и КҶ ҶТ (Одамкушӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ҷиҳати муайян кардан ва боздошти афроди гумонбар ба содир намудани ин ҷиноят тадбирҳои фаврӣ андешида мешаванд. Тафтишот идома дорад.

Мувофиқи маълумоти Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, дар зарфи 11 моҳи соли равон дар қаламрави шаҳру навоҳии вилоят 39 ҳодисаи куштани одамон (ҳамин давраи соли гузашта – 40 ҳодиса) ба қайд гирифта шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".