Кормандони ҷавони АНМН малакаҳои касбиашонро сайқал медиҳанд

Аз 5 то 9 декабри соли  2011 бо мақсади баланд бардоштани маҳорати касбии кормандони ҷавон дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тренинг дар мавзӯъи «Тамоюлҳои ҷаҳонии муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир» мегузарад. Тавре аз шӯъбаи робита бо ҷомеаи агентии мазкур хабар доданд, тренинг аз ҷониби Раёсати мубориза бо мухаддироти (ДЕА) назди Сафорати ИМА […]


Аз 5 то 9 декабри соли  2011 бо мақсади баланд бардоштани маҳорати касбии кормандони ҷавон дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тренинг дар мавзӯъи «Тамоюлҳои ҷаҳонии муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир» мегузарад.

Тавре аз шӯъбаи робита бо ҷомеаи агентии мазкур хабар доданд, тренинг аз ҷониби Раёсати мубориза бо мухаддироти (ДЕА) назди Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ташкил карда шудааст.

Бино ба иттилои манбаъ, дар нахустин рӯзи оғози семинар Директори Агентӣ, генерал-лейтенанти милитсия Рустам Назаров ҳамкориҳои наздики ҷонибҳоро дар самти назорати маводи мухаддир хуб арзёбӣ кард.

Зимнан зикр гардид, ки дар ҷараёни тренинг омӯзиши маводҳои методӣ, ҳамчунин гузаронидани дарсҳои амалӣ аз рӯи мавзӯъҳои гузашта дар назар аст. Мақсади тренинг баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи кормандон, васеъ кардани имкониятҳои онҳо барои беҳтар кардани фаъолияти ҳаррӯзаашон мебошад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.