Cе соли минбаъд БОР ба Тоҷикистон 215,5 млн. $ ҷудо мекунад

Cе соли минбаъд Бонки осиёгии рушд ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 215,5 млн. доллари ИМА воситаҳои бурсӣ ҷудо мекунад. Бино ба гуфтаи намояндаи доимии Бонки осиёгии рушд (БОР) дар Тоҷикистон Ҷоҷи Токеши, Барномаи БОР дар Тоҷикистон барои солҳои 2012-2014, ки дар доираи он воситаҳои зикршуда пешниҳод мегарданд, бо ҳукумати ҷумҳурӣ баррасӣ ва мувофиқа шуда, ҳамин ҳафта […]

Пайрав Чоршанбиев


Cе соли минбаъд Бонки осиёгии рушд ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 215,5 млн. доллари ИМА воситаҳои бурсӣ ҷудо мекунад.

Бино ба гуфтаи намояндаи доимии Бонки осиёгии рушд (БОР) дар Тоҷикистон Ҷоҷи Токеши, Барномаи БОР дар Тоҷикистон барои солҳои 2012-2014, ки дар доираи он воситаҳои зикршуда пешниҳод мегарданд, бо ҳукумати ҷумҳурӣ баррасӣ ва мувофиқа шуда, ҳамин ҳафта аз ҷониби мақомоти раҳбарии бонк маъқул шуморида хоҳад шуд.

Ҷ. Токеши зикр намуд, ки ин барнома ба ҳалли масоили бештар афзалиятнок оид ба рушди кишвар, аз ҷумла дастгирӣ дар барқарорсозии зерсохтори мавҷуда, беҳбуди таъмин бо барқ бо шумули тавсеъаи истифодаи энергияи барқароршаванда барои таъмини талаботи дохилӣ ва берунӣ ва ҳамчунин рушди бахши хусусӣ равона мегардад.

«Барои соли 2012 ҳаҷми кӯмаки БОР ба ҷумҳурӣ 62 млн., барои соли 2013 – 69 млн. ва соли 2014 низ 69 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, маблағи кӯмаки техникӣ тӯли ин солҳо ба 15,5 млн. доллари ИМА баробар хоҳад буд», – гуфт вай.

Ба қавли намояндаи бонк, соли оянда Барномаи БОР маблағгузорӣ ба лоиҳаи барои ҷумҳурӣ муҳим – таҷдиду азнавсозии роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент-марзи Ӯзбекистонро дарбар хоҳад гирифт, зеро ин минтақа дорои имконоти хуби рушди бахши кишоварзӣ, сайёҳӣ, коркарди канданиҳои фоиданокро доро буда, ҳамчунин дар ин ҷо аҳолии зиёд зиндагӣ дорад.

«Масофаи роҳи мошингарди мазкур 125 километрро ташкил дода, интизор меравад, ки баҳри амалисозии ин лоиҳа БОР аз 120 то 125 млн. доллари ИМА маблағ ҷудо хоҳад кард», – иброз дошт номбурда.

Ба қавли Ҷоҷи Токеши, соли 2012 ҳамчунин барои амалисозии лоиҳаҳои рушди маблағгузории хурд оид ба энергияи барқароршаванда низ воситаҳо ҷудо мегарданд. «Ҳамчунин ду лоиҳаи начандон бузурге мавҷуд аст, ки ба ҷамоатҳои маҳаллӣ дар рушди зерсохтори нақлиёт ва энергетика кӯмак хоҳанд кард», – зикр кард ӯ ва афзуд, ки «айни замон ҳамаи ин чор лоиҳа мавриди таҳия қарор доранд.

Токеши ваъда дод, ки баъди аз ҷониби мақомоти раҳбарии Бонк маъқул шуморидани Барнома барои солҳои 2012-2014, ояндаи наздик дар бораи лоиҳаҳо барои солҳои 2013-2014-ро низ маълумот хоҳад дод. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.