Вакили парлумон: Интихобот ба Думаи давлатии Русия комилан демократӣ буд

Маъракаи интихоби вакилон ба Думаи давлатии Русия дар вазъи орому осоишта ҷараён гирифта, ҳеҷ як қонуншикании дағалу ҷиддии муқаррароти қонунгузории интихоботии Русия сабт нашуд. Чунин баҳо дод ба маъракаи интихоботи парлумонии зикршуда дар Русия вакили палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Галия Рабиева, ки аз ҷониби Комиссияи марказии интихоботи Русия аз Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви ИДМ  ба […]


Маъракаи интихоби вакилон ба Думаи давлатии Русия дар вазъи орому осоишта ҷараён гирифта, ҳеҷ як қонуншикании дағалу ҷиддии муқаррароти қонунгузории интихоботии Русия сабт нашуд. Чунин баҳо дод ба маъракаи интихоботи парлумонии зикршуда дар Русия вакили палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Галия Рабиева, ки аз ҷониби Комиссияи марказии интихоботи Русия аз Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви ИДМ  ба сифати нозири байнулмилалӣ сабт гардида буд.

Ба гуфтаи ӯ, ҳангомаҳои бардоштаи як қатор ВАО-и Русия атрофи интихобот умуман асоси воқеӣ надоранд. «Мушкили асосии маъракаи интихоботии мазкур сатҳи пасти ҳозир шудани инихобкунандагон ба ҳавзаҳои интихоботӣ буд. Ба фикри ман, ин гувоҳи он аст, ки ҳудуди 40%-и интихобкунандагони ҳозирнашуда ба ҳеҷ яке аз аҳзоби сиёсӣ эътимод надоранд ё сиёсат барои онҳо дигар ҳеҷ эътиборе надорад», – гуфт вай.

Г. Рабиева гуфт, камбудиҳое, ки ба мақомот нозирони байнулмилалӣ пешниҳод карданд, ба масоили техникии баргузории интихобот рабт дошт. «Масалан, нозирон аз Канадаву Фаронса бинои хурд барои овоздиҳӣ, нодуруст гузоштани қуттиҳои овоздиҳӣ ва ғайраро ҳамчун камбуд унвон карданд», – таъкид сохт вакил.

Ёдрас мекунем, ки дар маъракаи интихобот ба Думаи Давлатии Маҷлиси Федералии Русия ҳамаи 7 ҳизбҳои сиёсии кишвар ширкат варзиданд. Бино ба маълумоти ахири Комиссияи марказии интихоботи Русия, дар Думаи Давлатии даъвати шашум чор ҳизби сиёсӣ соҳиби курсӣ шуданд. Ҳамин тариқ, ҳизби «Единая Россия» ба 238 ҷой, Ҳизби коммунисти Русия – 92, «Справедливая Россия» – 64 ва Ҳизби либерал-демократии Русия ба 56 курсии парлумонӣ соҳиб шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".