Нақшаи ҷамъоварии ҳосили полезиҳо дар арафаи анҷомёбист

Дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ дар майдони 13527 гектар замин кишти полезиҳо гузаронида шудааст. То 05.12.2011 ҳосили 13196 гектар замин ҷамъоварӣ карда шудааст. Нақшаи истеҳсоли полезиҳо 244234 тонна буда то имрўз 232620 тонна (95%) ҷамъоварӣ карда шудааст. Тавре аз маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ҳосилнокӣ аз як гектар 176,3 сентнериро ташкил медиҳад. Дар […]


Дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ дар майдони 13527 гектар замин кишти полезиҳо гузаронида шудааст. То 05.12.2011 ҳосили 13196 гектар замин ҷамъоварӣ карда шудааст. Нақшаи истеҳсоли полезиҳо 244234 тонна буда то имрўз 232620 тонна (95%) ҷамъоварӣ карда шудааст.

Тавре аз маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ҳосилнокӣ аз як гектар 176,3 сентнериро ташкил медиҳад. Дар вилояти Хатлон кишти полезиҳо ҳамагӣ дар майдони 8792 гектар гузаронида шуда, то имрўз ҳосили майдони 8764 гектар замин ҷамъоварӣ карда шудааст. Нақшаи истеҳсол бошад 153950 тоннаро ташкил дода айни замон 182560 тонна (119%) истеҳсол шудааст. Ҳосилнокӣ аз як гектар 208,3 сентнериро ташкил медиҳад.

Дар вилояти Суғд кишти полезиҳо ҳамагӣ дар майдони 3979 гектар гузаронида шуда, ҳосили майдони 3800 гектар замин ҷамъоварӣ карда шудааст. Нақшаи истехсол бошад 77452 тоннаро ташкил дода айни замон 44764 тонна истеҳсол шудааст. Ҳосилнокӣ аз як гектар 124,0 сентнериро ташкил медиҳад.

Дар ноҳияи тобеи марказ кишти полезиҳо ҳамагӣ дар майдони 740 гектар гузаронида шуда, ҳосили майдони 616гектар замин ҷамъоварӣ карда шудааст. Нақшаи истеҳсол бошад 12582 тоннаро ташкил дода айни замон 5070 тонна истеҳсол шудааст. Ҳосилнокӣ аз як гектар 82,3 сентнериро ташкил медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ дар майдони 16 ҳазору 028 гектар замин кишти картошка гузаронида шуда, нақшаи истеҳсоли картошка 351435 тоннаро ташкил медиҳад. То санаи 05.12.2011 майдони 15599 гектар ҷамъоварӣ карда шудааст, ки истеҳсол ба 305642 тонна (87%) баробар мебошад ва ин нишондод нисбати соли гузашта (2010) ба миқдори 73094 тонна зиёд гардидааст. Ҳосилнокӣ дар соли равон аз як гектар замин ба 195,9 сентнерӣ баробар мебошад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".