БҶ бознигарии реҷаи мӯҳлати ташхиси лоиҳаи нерӯгоҳи «Роғун»-ро дархост кард

Сафари чоррӯзаи директор оид ба стратегия ва лоиҳаҳои Бонки ҷаҳонӣ дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Теодор Алерс ба Тоҷикистон ба анҷом расид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон хабар доданд, Т.Алерс ба Тоҷикистон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни амалисозии Стратегияи шарикии бонк бо ҷумҳурӣ, аз ҷумла дастгирии самтҳои афзалиятнок дар […]

Пайрав Чоршанбиев


Сафари чоррӯзаи директор оид ба стратегия ва лоиҳаҳои Бонки ҷаҳонӣ дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Теодор Алерс ба Тоҷикистон ба анҷом расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон хабар доданд, Т.Алерс ба Тоҷикистон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни амалисозии Стратегияи шарикии бонк бо ҷумҳурӣ, аз ҷумла дастгирии самтҳои афзалиятнок дар оянда низ ташриф оварда буд.

Дар ҷараёни сафар ҳайати БҶ таҳти сарварии Алерс бо президенти ҷумҳурӣ, нахуствазир ва роҳбарони мақомоти дахлдори ҳукумат, намояндагони созмонҳои мададрасон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дидору гуфтушунид намуд.

«Зимни дидору гуфтушунид ба масъалаҳои мушкилоти камбуди нерӯи барқ, имконоти назарраси кишвар дар бахши гидроэнергетика таваҷҷӯҳи хосса зоҳир гардида, зикр гардид, ки айни замон бонк барои гузаронидани таҳқиқоти шаклҳои гуногуни таъминоти Тоҷикистон бо барқ машғул аст, – гуфтанд дар намояндагии бонк.

Ғайр аз ин,  БҶ ба дастгирии самтҳои дигари бахши мазкур, аз ҷумла таҷдиди нерӯгоҳи «Норак», нақшаи идоракунии нерӯи барқ дар мавсими зимистон, дастгирии машваратӣ оид ба масоили содироти барқ ва насби ҳисобкунакҳои барқӣ дар шаҳри Душанбе изҳори омодагӣ намуд.

Дар робита ба имконоти ҷумҳурӣ ҷиҳати содироти барқ, Теодор Алерс дастовардҳои чанде қабл дар пешбурди Лоиҳаи рушди бозори минтақавии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-100)  ҳосилшударо зикр кард.

Дар намояндагии Бонки ҷаҳонӣ қайд карданд, ки Т.Алерс аз ҳукумати Тоҷикистон дархост кардааст, ки бо назардошти ба таъхир афтодани чанде аз корҳо, бо мушовирон реҷаи бознигаришудаи мӯҳлати анҷоми таҳқиқи лоиҳаи нерӯгоҳи «Роғун»-ро таҳия созад.

Дар намояндагии БҶ ҳамчунин зикр крданд, ки айни замон бонк дар Тоҷикистон 16 лоиҳаро ба маблағи умумии 212 млн. доллари ИМА сармоягузорӣ мекунад. Дар зарфи 15 соли ахир Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон дар шакли бурсу қарзҳои имтиёзнок 640 млн. доллари ИМА маблағ ҷудо кард.

Соли равон ҳаҷми кӯмакҳои молиявии Бонки ҷаҳонӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон 25% афзуд ва минбаъд ҳар сол барои дастгирии буҷети давлатӣ ва аамалисозии дигар лоиҳаҳо 60 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои грантӣ ҷудо карда мешавад. Ин лоиҳаҳо ба коҳиши талафоти нерӯи барқ, рушди зерсохтори маҳаллӣ, азнавсозии сохтори хоҷагиҳои деҳқонӣ, рушди бахши хусусӣ ва молиявӣ ва ислоҳоти тадбирҳои роҳандозии сиёсати иқтисодӣ равона хоҳанд шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.