«Тоҷиксодиротбонк» «Бонки рушди Тоҷикистон»-ро харид

Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Тоҷиксодиротбонк» бо мақсади васеъ намудани доираи хизматрасониҳои бонкӣ ба мардуми кишвар ва мусоидат ба пешрафти низоми бонкии ҷумҳурӣ 100% саҳмияҳои ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон»-ро харидорӣ намуда, дар заминаи он бонки фаръии худро таъсис дод. Тавре аз хадамоти матбуоти «Тоҷиксодиротбонк» (ТСБ) хабар доданд, фаъолияти бонки фаръии ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон» (БРТ) дар низоми […]

Аваз Юлдошев


Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Тоҷиксодиротбонк» бо мақсади васеъ намудани доираи хизматрасониҳои бонкӣ ба мардуми кишвар ва мусоидат ба пешрафти низоми бонкии ҷумҳурӣ 100% саҳмияҳои ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон»-ро харидорӣ намуда, дар заминаи он бонки фаръии худро таъсис дод.

Тавре аз хадамоти матбуоти «Тоҷиксодиротбонк» (ТСБ) хабар доданд, фаъолияти бонки фаръии ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон» (БРТ) дар низоми «Тоҷиксодиротбонк», ки дар заминаи яке аз бонкҳои фаъоли мамлакат таъсис ёфт, барои афзун намудани нишондиҳандаҳои бонк ва ҳамзамон, таъмини дастрасии бештари мардуми кишвар ба хизматрасониҳои муосири бонкӣ мусоидат хоҳад намуд.

Дар Бонки миллии Тоҷикистон овозаҳои ба шахсони ҷудогона тааллуқ доштани «Бонки рушди Тоҷикистон»-ро рад карда, зикр намуданд, ки саҳҳомони БРТ ширкатҳо буданд.

Бино ба маълумоти Иттиҳодияи бонкҳои Тоҷикистон, «Тоҷиксодиротбонк» аз рӯйи ҳаҷми сармоя мавқеи аввалро ишғол мекунад ва дар зарфи нӯҳ моҳи соли равон ҳаҷми он ба андозаи 77,1% зиёд шуда, ба 290,7 млн сомонӣ (беш аз 61 млн. доллари ИМА) расидааст. Бонк дорои шабакаи филиалҳо дар саросари кишвар аст, ки айни замон шумори онҳо зиёда аз 32 ададро ташкил медиҳад.

«Бонки рушди Тоҷикистон» дорои чор филиал буда, аз рӯйи ҳаҷми сармоя мақоми шашумро ишғол мекунад ва дар зарфи нӯҳ моҳи соли равон ҳаҷми он ба андозаи 9,1% коҳиш ёфта, 55,5 млн. сомонӣ (11,66 млн. доллари ИМА)-ро ташкил медиҳад.

Раиси Шӯрои нозирони ТСБ  Тоҷиддин Пиров ва раиси раёсати «Тоҷиксодиротбонк» Наталия Назаршоева мебошанд.

Саҳмиядорони асосии «Тоҷиксодиротбонк» ҶСП “Евразия” – 56,26 %, ҶДММ “Эхсон” – 13,60 %, ҶДММ “Мелодиён” – 13,59 %, ҶДММ “Восток” – 2,10 %, Ширкати “Continental COTTON”  – 2,04% ва ҶДММ “Медиа Плюс” – 1,47 % мебошанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.