Вохӯрии директори АНМН бо сафири Шветсия

Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсяи Рустам Назаров Сафири Фавқулодда ва Мухтори Шоҳигарии Шветсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ҳанс Олсонро ба ҳузур пазируфт. Тавре аз маркази робита бо ҷомеаи агентии мазкур хабар доданд, дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории Шоҳигарии Шветсия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори мубориза бо маводи мухаддир, пешгирии […]

ASIA-Plus


Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсяи Рустам Назаров Сафири Фавқулодда ва Мухтори Шоҳигарии Шветсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ҳанс Олсонро ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз маркази робита бо ҷомеаи агентии мазкур хабар доданд, дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории Шоҳигарии Шветсия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори мубориза бо маводи мухаддир, пешгирии нашъамандӣ ва таҳкими иқтидори маркази матбуотӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Сарвари Агентӣ ба ҷаноби Сафир дар бораи вазъи вобаста ба мухаддирот дар Тоҷикистон, Афғонистон, ҳамчунин дар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ маълумот дода, дар бораи чораву тадбирҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти назорати маводи мухаддир меандешад, инчунин ташкили ҳамкориҳо миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ, аз ҷумла бо ҳамкасбони худ аз дигар кишварҳо дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор нақл кард. Директор дар бораи фаъолияти Агентӣ, комёбиҳо ва дурнамои рушди он нақл карда, зимнан ба ҳамкориҳои созандаи политсияи криминалии Шветсия таъкид намуд ва ба ҷаноби Сафир барои кӯмакҳое, ки политсияи Шветсия ба Шӯъбаи иттилоотӣ-таҳлилии Агентӣ мерасонад, изҳори миннатдорӣ кард.

Ҷаноби Олсон дар навбати худ қайд намуд, ки Ҳукумати Шветсия дар масъалаи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар минтақа ва бахусус дар Тоҷикистон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мекунад. Вай аз он изҳори қаноатмандӣ кард, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар ин самт фаъолияти самарабахш доранд. Ҳукумати Шветсия дар оянда низ ният дорад аз роҳе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори мубориза бо маводи нашъадор интихоб кардааст, пуштибонӣ кунад ва аз омодагии ҷониби Шветсия дар баргузории курсҳои омӯзишӣ барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар дод.

Дар поёни дидор аз Агентӣ ҷаноби Олсон бо шароитҳои нигаҳ доштани маводи мухаддир, фаъолияти маркази иттилоотӣ-таҳлилӣ ва ташхиси судӣ ошно шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо аз чеҳраҳое, ки ҷангу сулҳи тоҷиконро бо ҳузури мусбату манфӣ таҷриба кардааст ва бархеҳо ҳам...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.