Ислоҳот дар Кодекси гумруки Тоҷикистон

Вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ пешниҳодот дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки аз ҷониби ҳукумат ироа гаштанд, якдилона дастгирӣ намуданд. Дар суханронӣ назди намояндагони мардумӣ сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ Гурез Зарифов изҳолр кард, ки ин тағйирот ҷиҳати амалисозии бандҳои ҷудогонаи Конвенсияи Кипр ва мутобиқати қонунгузории кишвар ба […]

Аваз Юлдошев


Вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ пешниҳодот дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки аз ҷониби ҳукумат ироа гаштанд, якдилона дастгирӣ намуданд.

Дар суханронӣ назди намояндагони мардумӣ сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ Гурез Зарифов изҳолр кард, ки ин тағйирот ҷиҳати амалисозии бандҳои ҷудогонаи Конвенсияи Кипр ва мутобиқати қонунгузории кишвар ба Созмони ҷаҳонии савдо нигаронида шудаанд.

Тағйироти мазкур барасмиятдарории гумрукиро сабук месозанд. Ба гунаи мисол, минбаъд аз афроди воридкунанда ва содиркунандаи бор асноди сабт дар мақомоти андоз ва мутобиқати маҳсулоти воридкунандаи онҳо ба ҷумҳуриро тақозо нахоҳанд кард.

Мутобиқи тағйирот, акнун воридоти ғайриқонунии маҳсулоти зеҳнӣ ба Тоҷикистон, аз ҷумла асарҳои ҳунармандӣ ва фарҳанг аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук ҷилавгирӣ хоҳад шуд.                                                                                                                              

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.