Парвандаи нозири фавтидаи БДА ба суд ирсол гардид

Парвандаи ҷиноӣ оид ба далели марги корманди БДА-и пойтахт Равшан Шарифов, ки бар асари латукӯби бераҳмона ба ҳалокат расид, ба суди ноҳияи Фирдавсӣ ирсол гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» падари нозири фавтида Шодӣ Шарифов хабар дод, бо анҷоми дубора бозрасӣ намудани парванда аз ҷониби Прокуратураи генералӣ хулосаи айбнома содир гардидааст. Мувофиқи хулосаи мазкур, Одинаев Озодбек […]

Ҳайдар Шодиев


Парвандаи ҷиноӣ оид ба далели марги корманди БДА-и пойтахт Равшан Шарифов, ки бар асари латукӯби бераҳмона ба ҳалокат расид, ба суди ноҳияи Фирдавсӣ ирсол гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» падари нозири фавтида Шодӣ Шарифов хабар дод, бо анҷоми дубора бозрасӣ намудани парванда аз ҷониби Прокуратураи генералӣ хулосаи айбнома содир гардидааст. Мувофиқи хулосаи мазкур, Одинаев Озодбек ва Мирҷонов Саидмухтор дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаҳои 237, қ. 2, б. «б», «в», «г» (Авбошӣ), 32, қ.3 – 320 қ. 2 (Суиқасд ба додани пора), 328, қ. 2 (Истифодаи зӯроварӣ нисбат ба намояндаи ҳокимият) ва 108, қ. 1 (Ба марг расонидан аз беэҳтиётӣ) айбдор карда мешаванд.

Аммо адвокати ҷониби ҷабрдида Ҳомид Маъмуров мегӯяд, айбҳои ба гумонбаршудагон пешниҳодшуда аз ҷониби тафтишот саҳеҳ нестанд.

«Далелу мақсад ва сабабҳои ҷинояти мазкур ҳамаҷониба, пурра ва ба таври объективӣ омӯхта нашудаанд. Ман чунин мешуморам, ки моддаи 108 ба ҷинояти содиршуда мувофиқ нест. Ҷинояти содиршуда аз ҷониби О.Одинаев ва С.Мирҷонов ба моддаи 103, қ. 3, б. «в»-и КҶ ҶТ (Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ҷабрида шудааст) мутобиқат мекунад», – қайд кард Маъмуров.

Ёдрас мекунем, ки ҳодисаи мазкур моҳи апрели соли равон ба вуқӯъ пайваст. Дар шаҳри Душанбе нозири БДА аз ҷониби ду нафар ҷавон мавриди латукӯби бераҳмона қарор гирифт. Нозир автомашинаи онҳоро барои вайрон кардани қоидаи ҳаракати роҳ боздошта буд.

Мирҷонови 30-сола ва Одинаеви 26-сола дар автомашинаи тамғаи «Мерседес» (9889 РТ01) ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди кӯчаи Қарабоев ба дағалона вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ роҳ дода, дар чорроҳаи кӯчаҳои Қарабоев ва Шестопалов ба ранги сурхи светофор автомашинаро манъ намекунанд. Нозири БДА Равшан Шарифов автомашинаи онҳоро манъ намуда, ба тартиб додани протокол дар бораи қонуншикании маъмурӣ шурӯъ мекунад. Ин ҳангом ронанда ва мусофири он аз автомашина пиёда шуда, миёни нозир ва онҳо ҷанҷол сар мезанад. Пас аз ин онҳо ба латукӯби нозир оғоз мекунанд. Дар натиҷа нозири БДА бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон интиқол гардида, пас аз чанд рӯз ба ҳалокат расид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.