Захмӣ шудани Додоҷон Атовуллоев дар Маскав

Дар яке аз тарабхонаҳои шаҳри Маскав ба журналисти тоҷик Додоҷон Атовуллоев дарафтода, ӯро захмӣ намуданд. Бино ба маълумоти расонаҳои хабарии Русия, ин ҳодиса миёни соатҳои 9 ва 10-и шаб дар тарабхонаи итолиёвии «Виаҷио» ба вуқӯъ пайвастааст. Ба ӯ шахси «симои осиёидошта» дарафтода, ду маротиба бо корд зарба задаст. Д.Атовуллоев дар ҳолати вазнин ба беморхонаи ба […]

ASIA-Plus


Дар яке аз тарабхонаҳои шаҳри Маскав ба журналисти тоҷик Додоҷон Атовуллоев дарафтода, ӯро захмӣ намуданд.

Бино ба маълумоти расонаҳои хабарии Русия, ин ҳодиса миёни соатҳои 9 ва 10-и шаб дар тарабхонаи итолиёвии «Виаҷио» ба вуқӯъ пайвастааст. Ба ӯ шахси «симои осиёидошта» дарафтода, ду маротиба бо корд зарба задаст. Д.Атовуллоев дар ҳолати вазнин ба беморхонаи ба номи Склифосовский мунтақил гардидааст.

Бино ба шаҳодати табибон, ҷарроҳии аввал хуб гузашта, феълан ба ҳаёти Д.Атовуллоев чизе таҳдид намекунад.

Тибқи иттилои хабаргузории Интерфакс, ба ҷойи ҳодиса гурӯҳи фаврии муфаттишон ҳозир шуда, тафтишот оғоз шудааст.

Роҳбари ҳаракати мухолифи ҳукумати «Ватандор» Додоҷон Атовуллоеви 56-сола ҳамеша ҳукумат ва президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро мавриди интиқод қарор медиҳад. Солҳои ахир ӯ дар Русияву Олмон зиндагӣ мекунад.

Соли 2011 Прокуратураи генералии Тоҷикистон бори навбатӣ нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноӣ боз намуда, аз Русия тақозо кард, ки Д.Атовулооев ба ватан истирдод гардад, вале ин дархост низ чун дархостҳои пешина аз ҷониби Русия қонеъ нагардид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.