Эгамзод: Суиқасд ба Атовуллоев метавонад ҷанбаи сиёсӣ дошта бошад

Суиқасд ба ҷони журналисти маъруфи тоҷик Додоҷон Атовуллоев метавонад ҷанбаи сиёсӣ дошта бошад, зеро ӯ ба фаъолияти сиёсӣ машғул буда, душмани ашаддии ҳукумати Тоҷикистон маҳсуб меёфт, – изҳор кард дар робита ба гуфтаҳо дар бораи эҳтимоли аз ҷониби Душанбе фармоиш шудани ин амал ин амал роҳбари медиа-холдинги «Tajinfo», коршиноси масоили сиёсӣ Муҳаммад Эгамзод. Аммо, зикр […]

Пайрав Чоршанбиев


Суиқасд ба ҷони журналисти маъруфи тоҷик Додоҷон Атовуллоев метавонад ҷанбаи сиёсӣ дошта бошад, зеро ӯ ба фаъолияти сиёсӣ машғул буда, душмани ашаддии ҳукумати Тоҷикистон маҳсуб меёфт, – изҳор кард дар робита ба гуфтаҳо дар бораи эҳтимоли аз ҷониби Душанбе фармоиш шудани ин амал ин амал роҳбари медиа-холдинги «Tajinfo», коршиноси масоили сиёсӣ Муҳаммад Эгамзод.

Аммо, зикр кард вай, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон изҳор кард, ки Тоҷикистон низ дар ҳарчи зудтар ошкор кардани паҳлӯҳои ин ҷиноят манфиатдор аст ва бо ин ҳама гуна гумони даст доштани ҳукуматдорони тоҷик дар содир намудани ин ҷиноятро рад сохт.

«Хуб мебуд, агар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар ошкор сохтани ин ҷиноят бо ҳамтоҳои русиягии худ ҳамкорӣ мекарданд», – мегӯяд Эгамзод.

Коршинос даст доштани мухолифони ҳукумати Тоҷикистон дар ин ҷиноятро аз эҳтимол дур намедонад.

«Шояд ин амали ҳадафмондонаи ин нерӯҳо дар остонаи интихоботи президентии соли 2013 дар Тоҷикистон бошад, – тахмин мезанад ӯ. – Дар ин сурат Русия ҳам, ки дар қаламрави он ҷинояти мазкур содир шуд, ба ҳарчи зудтар ошкор гардидани он манфиатдор мебошад, зеро суиқасд ба ҷони шаҳрванди хориҷӣ, ки дар паноҳгоҳи сиёсӣ дар Олмон қарор дорад, содир шудааст».

Эгамзод аз эҳтимол дур намедонад, ки «шояд ин ҷиноят натиҷаи мухолифат миёни худи тоҷикони Русия бошад, зеро солҳои ахир чунин ҳодисаҳо дар ҳоли афзоишанд.

«Изҳороти Д.Атовуллоев дар ВАО ва телевизиони Русия оид ба боздошти халабонони русу эстонӣ дар Тоҷикистонро на ҳама тоҷикони муқими Русия хуб пазируфтанд. Шахсоне ҳам буданд, ки ин изҳоротро қотеъона маҳкум намуданд ва шояд ҳамин тариқ аз ӯ қасос ситонида бошанд».

Ёдрас мекунем, ки шаби 13-уми январ дар яке аз тарабхонаҳои шаҳри Маскав ба журналисти тоҷик Додоҷон Атовуллоев дарафтода, ӯро захмӣ намуданд.

Ин ҳодиса миёни соатҳои 9 ва 10-и шаб дар тарабхонаи итолиёвии «Виаҷио» ба вуқӯъ пайваст. Ба ӯ шахси «симои осиёидошта» дарафтода, ду маротиба бо корд зарба задааст. Д.Атовуллоев дар ҳолати вазнин ба беморхонаи ба номи Склифосовский мунтақил гардида буд.

Бино ба шаҳодати табибон, ҷарроҳии аввал хуб гузашта, феълан ба ҳаёти Д.Атовуллоев чизе таҳдид намекунад.

Роҳбари ҳаракати мухолифи ҳукумати «Ватандор» Додоҷон Атовуллоеви 56-сола ҳамеша ҳукумат ва президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро мавриди интиқод қарор медиҳад. Солҳои ахир ӯ дар Русияву Олмон зиндагӣ мекунад.

Соли 2011 Прокуратураи генералии Тоҷикистон бори навбатӣ нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноӣ боз намуда, аз Русия тақозо кард, ки Д.Атовулооев ба ватан истирдод гардад, вале ин дархост низ чун дархостҳои пешина аз ҷониби Русия қонеъ нагардид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.