Даромад аз аксиз ба операторони алоқаи мобилӣ дар ҳаҷми 9,4 млн. $

Аксизи сефоиза ба хизматгузориҳои операторони алоқаи мобилӣ, ки соли 2011 ҷорӣ гардид, ба буҷети Тоҷикистон дар ҳаҷми 45 млн. сомонӣ (9,4 млн. $) даромад овард. Зимни нишасти матбуотӣ вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов изҳор кард, ки дар сохтори даромади буҷет (8,4 млрд. сомонӣ) ин маблағи начандон зиёд аст. «Ин воситаҳо ба мо барои дастгирии бахши […]

Заррина Эргашева


Аксизи сефоиза ба хизматгузориҳои операторони алоқаи мобилӣ, ки соли 2011 ҷорӣ гардид, ба буҷети Тоҷикистон дар ҳаҷми 45 млн. сомонӣ (9,4 млн. $) даромад овард.

Зимни нишасти матбуотӣ вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов изҳор кард, ки дар сохтори даромади буҷет (8,4 млрд. сомонӣ) ин маблағи начандон зиёд аст.

«Ин воситаҳо ба мо барои дастгирии бахши иҷтимоӣ имкон фароҳам сохтанд. Соли гузашта ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри дастгирии бахши иҷтимоӣ – пардохти нафақа, кӯмакпулӣ, музди меҳнат ва ғайра 330 млн. сомонӣ маблағи иловагӣ ҷудо кард. Аз ин рӯ, маблағҳои воридшуда аз ҳисоби аксиз ба мо хеле саривақтӣ буданд», – афзуд вазир.

Ёдрас мекунем, ки аксизи сефоиза ба хизматгузориҳои операторони алоқаи мобилӣ 1-уми феврали соли 2011 пас аз ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси андози ҶТ ҷорӣ гардид. Дар робита ба ин қиммати алоқаи мобилшӣ дар Тоҷикистон ба андозаи 3% боло рафт.

Қобили зикр аст, ки феълан дар Тоҷикистон ҳафт ширкат – «Мегафон-Тоҷикистон», «Babilon-m», «Tcell», «Beeline», «ТК-mobile», ҶСК «Тоҷиктелеком» ва «Telecom technology Ltd.» операторони алоқаи мобилӣ мебошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...