Беш аз 14 млн. сомонӣ зарари хадамоти гумруки Кӯлоб аз бастани роҳи оҳан

Моҳҳои ноябр-декабри соли 2011 ба иллати садама дар қаламрави Ӯзбекистон ва баста шудани қитъаи роҳи оҳани Хатлон буҷети ҷумҳурӣ ҳадди ақалл аз воридоти 14, 3 млн. сомонӣ аз Хадамоти гумруки минтақаи Кӯлоб маҳрум шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Хадамоти гумруки минтакаи Кӯлоб Ҷумъахон Раҷабов хабар дод, ин маблағ метавонист зиёдтар бошад, зеро рақами нишондодашуда […]

Турко Дикаев


Моҳҳои ноябр-декабри соли 2011 ба иллати садама дар қаламрави Ӯзбекистон ва баста шудани қитъаи роҳи оҳани Хатлон буҷети ҷумҳурӣ ҳадди ақалл аз воридоти 14, 3 млн. сомонӣ аз Хадамоти гумруки минтақаи Кӯлоб маҳрум шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Хадамоти гумруки минтакаи Кӯлоб Ҷумъахон Раҷабов хабар дод, ин маблағ метавонист зиёдтар бошад, зеро рақами нишондодашуда танҳо тибқи фармоишти пешакии гузаштани бор тавассути ду гузаргоҳи гумрукии минтақа – Қурбон-шаҳид ва Кӯлоб ҳисоб карда шудаанд.

Ба гуфтаи Раҷабов, соли гузашта кормандони хадамоти гумруки минтақаи Кӯлоб ба буҷети ҷумҳурӣ 29 млн. 195 ҳазор сомонӣ маблағ ворид намудаанд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои соли гузашта 10 млн. сомонӣ зиёдтар аст.

Дар маҷмӯъ гумрукчиёни Кӯлоб ба густариши фаъолият ва ҳарчи бештар фаро гирифтани минтақаи назорат кӯшиш ба харҷ медиҳанд. «Бо мавриди истифода қарор гирифтани пули автомобилгард миёни деҳаи Шоҳони ноҳияи Шӯрообод ва рустои Хоҳони Афғонистон дар Хадамот гумруки минтақаи Кӯлоб боз як гузаргоҳ ташкил карда мешавад ва мо ба он қаблан омодагӣ мегирем», – афзуд Ҷ.Раҷабов.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.