Нигаронии прокурори генералӣ аз қонуншиканиҳои истифодаи замин дар Хатлон

Чанде қабл дар шаҳри Кӯрғонтеппа прокурори генералии Тоҷикистон Шерхон Салимзода бо раисони шаҳру навоҳӣ, роҳбарони сохторҳои вилоятӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон машварат доир кард. Тавре ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» иштирокчиёни машварати мазкур хабар доданд, прокурори генералӣ нисбат ба ҷой доштани ҳодисаҳои қонуншиканӣ дар истифодаи замин дар ноҳияи Вахш изҳори нигаронӣ кардааст. «Раиси ноҳияи […]

Сайраҳмон Назриев


Чанде қабл дар шаҳри Кӯрғонтеппа прокурори генералии Тоҷикистон Шерхон Салимзода бо раисони шаҳру навоҳӣ, роҳбарони сохторҳои вилоятӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон машварат доир кард.

Тавре ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» иштирокчиёни машварати мазкур хабар доданд, прокурори генералӣ нисбат ба ҷой доштани ҳодисаҳои қонуншиканӣ дар истифодаи замин дар ноҳияи Вахш изҳори нигаронӣ кардааст. «Раиси ноҳияи Шодӣ Мӯсоев маҳз бо ҳамин сабаб аз мансаб сабукдӯш шуд», – гуфт яке аз онҳо бо такя ба суханони Ш.Салимзода.

Салимзода ба прокуророни шаҳру ноҳияҳо ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ суориш додааст, ки саривақт ба қонуншиканиҳо вокуниш нишон диҳанд. «Вақте шахс сохтмонро оғоз мекунад, мо ҳама хомӯшему чора намеандешем, вале чун хона бунёд шуд, санҷишро шурӯъ карда, дар бораи кӯчонидани он қарор содир мекунем. Чунин қонуншиканиҳоро пешгирӣ кардан ва корро то кӯчонидан оварда нарасонидан беҳтар аст», – гуфтааст прокурори генералӣ.

Прокурори генералӣ ҳамчунин аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки чанде аз мансабдороне, ки нисбаташон қаблан парвандаҳои ҷиноӣ боз шуда буданд, то ҳол дар вазифаҳои роҳбарӣ фаъолият доранд. Роҳбарони кумитаҳои заминсозии як қатор шаҳру навоҳии вилоят аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Шерхон Салимзода ҳамаи шахсони масъул ба тақсимоти заминро огаҳ кардааст, ки тақсимоти қитъаи замин бояд дар чаҳорчӯби қонун сурат гирад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.