Суғд: Боздошти гумонбаршуда ба терроризм

Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ гумонбаршуда ба узвият дар гурӯҳи ҷиноятпеша боздошт шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд хабар доданд, чанде қабл зимни санҷиши маълумоти фаврӣ дар қаламрави ноҳияи Мастчоҳ сокини 46-солаи ҷамоати Оббурдон Г.Ф. боздошт шудааст. Муайян карда шудааст, ки Г.Ф. бо пешниҳод ва супориши ҳамдиёрон Н.Т.-43-сола ва Ё.Н.-и 57-сола, […]

Мавлуда Рафиева


Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ гумонбаршуда ба узвият дар гурӯҳи ҷиноятпеша боздошт шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд хабар доданд, чанде қабл зимни санҷиши маълумоти фаврӣ дар қаламрави ноҳияи Мастчоҳ сокини 46-солаи ҷамоати Оббурдон Г.Ф. боздошт шудааст.

Муайян карда шудааст, ки Г.Ф. бо пешниҳод ва супориши ҳамдиёрон Н.Т.-43-сола ва Ё.Н.-и 57-сола, ки барои куштор ва ташкили гурӯҳи ҷиноятпеша таҳти пайгарди қонунӣ қарор дорад, аввали моҳи октябри соли 1994 бо мақсади азхуд кардани улуми динӣ ва омӯзиши махсуси ҷосусӣ бо истифода аз шиносномаи шаҳрванди Эрон ғайриқонунӣ аз Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ рафтааст.

Пас аз таълими 7-моҳа Г.Ф. бо мақсади содир намудани як қатор амалҳои террористӣ ба ватан баргаштааст. «Аз рӯйи ин далел прокуратураи низомии Тоҷикистон нисбат ба Г.Ф. мутобиқи моддаи 187, қ. 2-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Ташкили иттиҳоди  ҷиноятӣ) парвандаи ҷиноӣ боз намуда, он ба парвандаи ҷиноии дар соли 2002 бозшуда ҳамроҳ карда шуд ва тафтишот идома дорад», – гуфт манбаъ.

Ба итилои манбаъ, ба парвандаи асосӣ ҳамчунин боз ду парвандаи дигар – куштори ду нафар сокинони шаҳрҳои Хуҷанду Чкаловск бо истифода аз таппончаи Макаров дар соли 1994 ва қатли ду тан аз сокинони шаҳри Хуҷанд бо истифода аз автомати Калашников дар соли 1995 низ ҳамроҳ карда шуданд. Ҳамаи ин кушторҳо бо фармоиши ҳамон шахсон – Н.Т. ва Ё.Н. ба иҷро расонида шудаанд.

Бино ба маълумоти мақомоти прокуратураи вилояти Суғд, соли 2011 дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 135 нафар аъзои фаъоли созмонҳои динии ифротгароӣ ошкор карда шуданд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.