Хизматчиёни масҷидҳои Суғд андоз месупоранд

Аз ин ба баъд хизматчиёни масҷидҳои вилояти Суғд чуни шаҳрвандони дигари ҷумҳурӣ андоз месупоранд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати андози вилояти Суғд хабар доданд, мутобиқи қонунгузории кишвар, масҷидҳо аз пардохти андоз озод карда шуда буданд, аммо бинобар сабаби аз ҷониби Кумитаи дини назди ҳукумат тасдиқ гардидани рӯйхати ҳайати шахсӣ (штат)-и кормандони масҷид ва роҳандозии […]

Бахтиёр Валиев


Аз ин ба баъд хизматчиёни масҷидҳои вилояти Суғд чуни шаҳрвандони дигари ҷумҳурӣ андоз месупоранд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати андози вилояти Суғд хабар доданд, мутобиқи қонунгузории кишвар, масҷидҳо аз пардохти андоз озод карда шуда буданд, аммо бинобар сабаби аз ҷониби Кумитаи дини назди ҳукумат тасдиқ гардидани рӯйхати ҳайати шахсӣ (штат)-и кормандони масҷид ва роҳандозии муҳосибот, акнун мувофиқ ба он кормандони масҷидҳо ҳақмузд мегиранд, ки он аз маблағҳои хайрияи ибодаткунандагон ташаккул меёбад.

«Гирифтани музди меҳнат ҳамчун даромад шуморида мешавад ва акнун сархатибон, имомхатибон ва хатибони масҷидҳо ҳамчун шахсони воқеӣ бояд 25% аз маблағи даромадро ба сифати андоз пардохт намоянд. Пас аз тадриҷан ба тартиб овардани фаъолияти масҷидҳо дар вилояти Суғд ба пардохти андоз чун дар дигар ташкилотҳо зарурат пеш меояд. Акнун кормандони масҷид бояд маблағи андоз аз даромад, андози иҷтимоӣ ва ҳамчунин андоз аз заминро пардохт кунанд», – зикр кард манбаъ.

Аммо кормандони масҷидҳо бар ин назаранд, ки онҳо ба пардохти маблағи андоз қодир нестанд. Яке аз хизматчиёни масҷид дар шаҳри Хуҷанд дар робита ба ин масъала чунин ибрози андеша намуд, ки «қаламрави баъзе масҷидҳо хеле доманадору бузург аст ва онҳо ба пардохти чунин маблағи андоз аз замин қодир нестанд».

Бино ба маълумоти мутахассиси шӯъбаи умури дини ҳукумати вилояти Суғд Маҳкам Миркамолов, айни замон дар вилояти Суғд 13 масҷиди ҷомеъ, 84 масҷиди намози ҷумъа ва 914 масҷиди намози панҷгона амал мекунанд. Боз 43 масҷиди дигар, ки қаблан фаъолият доштанд, феълан дубора мавриди бақайдгирӣ қарор доранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.