Ҷузъиёти қазияи боздошти прокурор дар Суғд

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар бораи ҷузъиёти қазияи боздошти прокурор дар вилояти Суғд хабар дод. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии мазкур хабар доданд, нисбат ба прокурори шӯъбаи назорати тафтишоти пешакии прокуратураи вилояти Суғд Меҳроҷ Бобоумаров мутобиқи моддаҳои 319, қ. 4 (Гирифтани пора), 320, қ. 2 (Додани пора) ва 345 […]

Наргис Ҳамробоева


Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар бораи ҷузъиёти қазияи боздошти прокурор дар вилояти Суғд хабар дод.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии мазкур хабар доданд, нисбат ба прокурори шӯъбаи назорати тафтишоти пешакии прокуратураи вилояти Суғд Меҳроҷ Бобоумаров мутобиқи моддаҳои 319, қ. 4 (Гирифтани пора), 320, қ. 2 (Додани пора) ва 345 қ. 3 (Монеъ шудан ба татбиқи адолати судӣ, таҳқиқи ибтидоӣ ва тафтиши пешакӣ)-и Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

«Муайян карда шудааст, ки моҳи ноябри соли гузашта Меҳроҷ Бобоумаров ҳамчун шахси мансабдор дар назди бинои прокуратураи вилоятӣ бо шахсе вохӯрдааст, ки қаблан аз ҷониби суд барои содир намудани ҷиноят ба муддати 2 сол маҳкум шуда буд. Зимни вохӯрӣ прокурор огаҳ гаштааст, ки ҳамсӯҳбаташ аз болои ҳукми суд ба суди вилоятӣ шикояти кассатсионӣ пешниҳод карданист. Аз ин рӯ, ӯ пешниҳод кардааст, ки ба ивази 2,5 ҳазор доллари ИМА «масъала»-ро ба таври мусбат ҳал месозад», – гуфтанд дар агентӣ.

Ба иттилои манбаъ, пас аз чанд рӯз Бобоумаров маблағи зикршударо гирифтааст, вале 14-уми декабр бо қарори суди вилоятӣ ҳукми суд нисбат ба шаҳрванд бетағйир боқӣ гузошта шуда, шикояти кассатсионӣ қонеъ нагардидааст.

«Ба Бобоумаров лозим омад, ки 2,5 ҳазор доллари ИМА-ро бозпас баргардонад, вале баъди як моҳ ӯ бори дигар пешниҳод кардааст, ки бо ҳамин маблағ «ин дафъа масъаларо ҳатман ба таври мусбат ҳаллу фасл мекунад», – гуфт манбаъ.

Кормандони Агентии зиддифасоди вилояти Суғд Бобоумаровро ҳангоми гирифтани 2 ҳазор доллари ИМА ба сифат пора бо далели шайъӣ дастгир намуданд. Тафтишоти парвандаи мазкур идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.